Дар ҳолати гармозани чӣ бояд кард?
Агар шумо гумон кунед, ки фарзанди шумо гармозанӣ шудааст, фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг занед (103) ё ӯро ба беморхона баред!
Body
Ҳангоми интизории мошини ёрии таъҷилӣ, шумо бояд:
Кӯдакро фавран аз зери офтоб гиред
- Кӯдакро ба ҷои соя ё ҳуҷраи кондитсионердор баред.
Либоси зиёдатии фарзандатонро кашед
Кӯдакро хунук кунед. Рӯяшро шӯед ва ба ҳама ҷояш оби хунук пошед
- Агар имконпазир бошад, тавсия дода мешавад, ки фарзандатонро бо оби хунук (на сард) оббозӣ доронед!
- Агар имкони оббозӣ дорондан набошад ё об набошад, ҷараёни ҳаворо таъмин кунед (масалан, шамолдиҳакро фаъол кунед).
Агар кӯдак дар ҳуш бошад, ба ӯ нӯшокии диҳед, то нӯшад.
- Агар мошини ёрии таъҷилӣ ҳанӯз наомада бошад, барои дастурҳои иловагӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ (103) занг занед.
Пас аз шифо ёфтан аз гармозанӣ кӯдак дар давоми ҳафтаҳои минбаъда ба ҳарорати баланд таъсирпазир мешавад. Беҳтар аст, ки аз ҳарорати баланд ва фаъолияти ҷисмонӣ худдорӣ кунед, то аз ҷониби табиби оилавӣ иҷозат дода нашавад.