Дар ҳолати сӯхтагӣ чӣ бояд кард

Пӯсти кӯдакон назар ба пӯсти калонсолон нафистар аст. Аз ин рӯ, ҳатто тамоси кӯтоҳмуддат бо ашё ё моеъи гарм метавонад боиси сӯхтагии ҷиддӣ гардад ё ба як минтақаи калони пӯст таъсир расонад, ки он метавонад дорои оқибатҳои вазнинтар бошад ва барқароршавӣ вақти зиёдро талаб кунад. Шумо бояд зуд аксуламал нишон диҳед, то оризаҳо пешгирӣ карда шаванд.
Body

Аввал сабаби осебро (манбаи гармӣ) бартараф кунед!

Ҷойи осебдидаро хунук кунед!

  • Сӯхтагиҳои хурдро бо рехтани оби хунук сард кунед ё аққалан 10-20 дақиқа дар оби хунук гузоред ва пас аз он дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат кунед.
  • Ба ҷои сӯхтагӣ компресси хунук гузоштан мумкин аст, беҳтараш докаи тар (дар давоми 30-45 дақиқа), аммо на ях! Сатҳи мавзеи сӯхтагиро то рафъи дард хунук кунед.

Либос ва ҷавоҳиротро кашед!

Ҳама либос ва ҷавоҳиротро аз сатҳи сӯхтагӣ ҳарчи зудтар кашед. Кашидани либос ва ҷавоҳирот муҳим аст, зеро онҳо метавонанд минбаъд гармиро дар пӯст нигоҳ доранд ва агар дар қисми осебдидаи бадан варам вуҷуд дошта бошад ҷараёни хунро ба минтақаи сӯхтагӣ маҳдуд созанд. Ҳангоми кашидани либосе, ки ба пӯсти сӯхта часпидааст, ҳеҷ гоҳ қувваи аз ҳад зиёд истифода набаред, зеро шумо метавонед ҷароҳати иловагӣ ба вуҷуд оред; ба ҷои ин, матоъи атрофи захмро буред ва ё онро ба аз ҷои чокаш канда кунед.

Ҷои сӯхтагиро пӯшонед!

Мазеи сӯхтагиро бо дока ё матоъи тоза боэҳтиётона пӯшонед, то сироятнок  нашавад.

Бедард кунед!

Вобаста ба синну соли кӯдак, шумо метавонед ба ӯ доруҳои бедардкунандаро (парасетамол ё ибупрофен бо миқдори мувофиқи синну сол) бо риояи бодиққатонаи дастурҳои истеҳсолкунанда диҳед. Агар фарзанди шумо ин доруҳоро қаблан истемол накарда  бошад, ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед, зеро эҳтимолияти афзоиши вокуниши аллергӣ ҷой дорад. 

Агар кӯдак беҳуш бошад ва ё дар ӯ  нишонаҳои ҳаёт дида нашавад, бояд фавран реаниматсияро оғоз кунед ва ҳарчӣ зудтар ёрии таъҷилиро даъват намоед (103).

Чӣ кор кардан мумкин нест?

  • Тифлон ва кӯдакони хурдсолеро, ки сӯхтагии ҳаҷман калон доранд, дар оби хунук нагузоред, зеро онҳо метавонанд ба сармозанӣ гирифтор шаванд ва сӯхтагии ҳаҷман калонро зиёда аз 5 дақиқа дар хунукӣ нигоҳ надоред!
  • Равғани офтобпараст, равғани кокос, равғани маска ё ягон намуди чарбҳоро ба ҷои сӯхта намолед!
  • Сӯхтагиро пахш  накунед, зеро ин метавонад ҷароҳатро бадтар кунад.
  • Ҳеҷ гоҳ ба захми сӯхтагӣ нарасед ва обилаҳои ҳосилшударо накафонед!
  • Ҳеҷ гоҳ ба фарзандатон дод назанед ва дашном надиҳед!
  • Воҳима накунед, зеро ин ҳолат кӯдакро боз ҳам бештар метарсонад!

Диққат диҳед

  • Сӯхтагии  дараҷаи якум (сӯхтагии хурд - монанд ба сӯхтан аз таъсири офтоб буда як минтақаи хурди пӯстро фаро мегиранд) дар хона табобат карда мешавад.
  • Сӯхтагии  калонтар ва вазнинтар (сӯхтани дараҷаи дуюм ва сеюм) ҳолати фавқулоддаи тиббӣ мебошад!
  • Ҳангоми сӯхтани кӯдаки навзод ё хурдсол ба духтури педиатр муроҷиат кунед!