Дар кӯча бо бӯр мекашем
Маводҳои зарурӣ: Бӯрҳои калони барои роҳҳои пиёдагард пешбинишуда
Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Ба кӯдакон якчанд бӯрҳои калони рангҳояш гуногунро диҳед, то онҳо кашида тавонанд. Онҳо эҳтимолан аниқ медонанд, ки чӣ чизро дар куҷо кашидан мехоҳанд, аммо инҳоянд якчанд фикрҳое, ки онҳо метавонанд аз онҳо оғоз кунанд:
- Дар баъзе плитаҳои гузаргоҳ чорчилик кашед ва плитаҳои чорчиликнадоштаро зер кунед.
- Ҷадвали бозии мак-макакро якҷоя кашед, то ин ки хурсандона парида ва ҷаҳида шавад!
- Бо навбат лабиринтҳои печдорро бунёд кунед, ки ба гулзорҳо ва дигар растаниҳо оварда мерасонанд.
- Ба рӯи замин дароз кашед ва якдигарро бо бӯр кашед, баъд хезеду расмро бо кашидани муй, руй ва либос ба итмом расонед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар кӯча бо бӯр кашидан ба кӯдакон имкон медиҳад, ки озодиро таҳқиқ ва ҳис намоянд. Ин ҳамзамон ба кӯдакон барои инкишофи маторикаи хурд кӯмак менамояд- он барои омодагӣ ба мактаб машғулияти беҳтарин мебошад.