Дар курсӣ чӣ аст?
Маводҳои зарурӣ: Диван ё курсии мустаҳкам, бозича ё дигар ашёи ҷолиб, ки ба кӯдаки Шумо писанд аст.
Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Дар ин синну сол, бисёр ба аксар кӯдакон ба по хестан шавқовар мешаванд. Шумо метавонед бинед, ки фарзанди Шумо чӣ тавр аз фарш бархеста истододааст, то ин ки роҳаткурсӣ ё курсиро дошта хезад. Ӯ мехоҳад саросари он мустақилона роҳ равад. Шумо метавонед ӯро ташвиқ кунед. Барои ин, як ашёи ҷолибро ба курсӣ гузоред, ба фарзандатон нишон диҳед ва бубинед, ки оё вай кӯшиши бархеста, мебели хонаро қапида ба ашё наздик шуданро мекунад ё не. Шумо метавонед ашёро наздиктар ё дуртар монед, вобаста аз инкишофи малакаҳои ҳаракатии фарзанди Шумо.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин таҷриба ба рушди қобилияти истодан ва дар ниҳоят мустақилона роҳ рафтани фарзандатон кӯмак мекунад. Боварӣ ва рағбати ӯ бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии Шумо меафзояд. Танҳо ҳангоми қадамҳои аввалини ларзон дар назди кӯдак буданро фаромӯш накунед!