Дар қуттии сеҳрнок чӣ ҳаст?

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қуттиҳои қоғазӣ, бозичаҳои гуногуншакл, часпакҳо, саққоҳо барои тенниси рӯи миз.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Тақрибан дар ду солагӣ кӯдакон дарк мекунанд, ки шахсони калонсол ба онҳо  кӯмак расонида метавонанд! Вақте ки кӯдак бо овоз баровардан ё ишора кардан бо ангушт чизеро "пурсад", ҷавоб диҳед. Объектеро, ки кӯдак меҷӯяд, номбар кунед, то бидонад, ки Шумо ӯро мефаҳмед ва барои кӯмак ба Шумо муроҷиат кардан мумкин аст. Ба ӯ тавре ҷавоб диҳед, гӯё “сӯҳбат” карда истода бошед.

Паҳлӯи қуттии рангорангро сӯрох карда боварӣ ҳосил кунед, ки он ба қадри кофӣ калон аст ва дасти Шумо аз он мегузарад. Бозичаҳои гуногунеро, ки ба кӯдак маъқул мебошад, аз сӯрохӣ ба дохили қуттича гузоред. Диққати кӯдакро ба худ ҷалб карда дастатонро ба дохили қуттӣ дароварда аз дохили он бозича бароред. Номи бозичаро ба кӯдак гӯед ва аз кӯдак хоҳиш намоед, ки номи ашёро бигӯяд ё нишон диҳад, ки он одатан он дар куҷо меистад. Ба таври оддӣ пурсед: "Хирсак дар куҷост?" ва "Падарат хирсакро аз куҷо ёфт?" Баъд аз ин, аз дасти кӯдак гирифта, ба ӯ кӯмак кунед, то ки дасти ҳардуятон ба қуттича дарояд ва якҷоя бозичаи навбатиро бароред. Ҳамин саволҳоро дода, то даме ки кӯдак шавқ дорад, бозиро давом диҳед.

Бо буридани сӯрохи мудаввар дар сарпӯши қуттии қоғазӣ бозичаи оддӣ созед. Ба кӯдакатон часпакҳои ранга ё саққоҳои тенниси рӯи мизро диҳед ва онҳоро аз сӯрохӣ ба дохили қуттӣ партофта нишон диҳед, ки чӣ гуна ашёҳоро аз дохили он баровардан мумкин аст. Агар кӯдак гавак кашида тавонад ё аллакай роҳ рафтанро ёд гирифта бошад, пешниҳод кунед, ки ба Шумо дар ҷамъ кардани ашёҳо ва боз ба қуттӣ гузоштани онҳо кӯмак намояд.

Бигзор фарзандатон дар корҳои ҳаррӯзаи Шумо "кӯмак расонад". Аз ӯ хоҳиш кунед, ки коса ё қошуқи ҳангоми хӯрокхӯрӣ истифодашударо «орад». Аз ӯ хоҳиш кунед, ки курта ё мӯзаеро, ки ҳангоми берун рафтанаш мепӯшад, "ёбад". Агар вақти иваз кардани либосҳои ӯ расида бошад, аз вай хоҳиш намоед, ки шим ё уребчаи худро “биёрад”.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Иҷрои дастурҳо - маҳорати муҳимест, ки кӯдак бо мурури замон азхуд мекунад. Бозиҳо ва фаъолиятҳои муштарак имконият барои барангехтани рушд ва омӯзиши кӯдаки Шумо мебошанд. Он инчунин ба Шумо имкон медиҳад, ки робитаи эҳсосӣ, ақлонӣ ва иҷтимоии худро бо кӯдакатон мустаҳкам намоед. Кӯдак аввал бо Шумо бозӣ мекунад ва баъдтар ин таҷрибаро дар мавриди бозӣ бо ҳамсолонаш истифода мебарад.