Дар оила кӯдак таваллуд шуд: ба бародарону хоҳарон барои мутобиқ шудан кӯмак мекунем

Вақте ки дар оила кӯдак таваллуд мешавад, дигар кӯдакони синни томактабӣ метавонанд худро пурҳаяҷон ва баъзан каме бе таваҷҷӯҳ ҳис кунанд. Нишон додани муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамаи фарзадонатон кӯмак мекунад, ки барои муносибатҳои мусбӣ бо бародар/хоҳари нави онҳо замина гузорад.
Body
Чӣ гуна ба кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ бояд кӯмак намоем, то ба кӯдаки навзод эҳсоси мусбӣ дошта бошанд

Вақте ки дар оила кӯдаки навзод пайдо мешавад, кӯдакони калонсол (хусусан кӯдакони синни томактабӣ) метавонанд пай баранд, ки Щумо ба навзод диққати зиёд ва ғамхорӣ медиҳед. Агар Шумо ҳолати эҳсосотии фарзандони худро ҳис кунед ва бо онҳо робитаи устувор дошта бошед, ин ба онҳо кӯмак мекунад, то дарк кунанд, ки Шумо сарфи назар аз тағйироти оилавӣ бо онҳо ҳастед. Чунин робитаи ноаёни байни волидайн ва фарзандон кӯмак мекунад, ки онҳо худро бехатар ҳис кунанд.

Ҳатто агар Шумо бо кӯдаки навзод хеле банд бошед ҳам, кӯшиш кунед, ки мунтазам бо ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ вақт гузаронед. Дар вақти хоби кӯдаки навзод ин метавонад якҷоя бозии рӯимизӣ кардан ё дар вақти сайру гашт дар боғ рустшавакон бозӣ кардан бошад.

Шумо инчунин метавонед ғами онро хӯред, ки кӯдакон аз ҷониби дигар волидайн ё аъзои наздики оила таваҷҷӯҳи бештар гиранд – онҳо метавонанд якҷоя китоб хонанд ё дар рӯи ҳавлӣ бозӣ кунанд.

Аксарияти кӯдакон ба кӯдаки навзод бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, аз ин рӯ бигзор кӯдакони калонсол ба бародар/хоҳари навашон бо нармӣ даст расонанд.

Шумо метавонед фарзандони худро ба нигоҳубини навзод ҷалб кунед. Масалан, онҳо метавонанд пеш аз оббозӣ кардани кӯдаки навзод якчанд лавозимоти оббозӣ тайёр кунанд ё пас аз оббозӣ барои омодагӣ ба хоб кӯмак кунанд.

Барои ҳавасманд кардани фарзандони худ ба пайдоиши меҳр ба кӯдаки навзод ва мутобиқ шудан ба тағйирот, ба онҳо диққати зиёд диҳед. Бо ин роҳ Шумо нишон медиҳед, ки мехоҳед фарзандонатон бо ҳамдигар хуб муносибат кунанд ва онҳо низ ҳамин тавр мекунанд.

Синамаконӣ ва дигар кӯдакон дар оила

Агар Шумо синамаконӣ дошта бошед, дигар фарзандони Шумо метавонанд ба ин раванд кунҷкоб бошанд ва мехоҳанд тамошо кунанд. Онҳо инчунин мехоҳанд, ки дар наздикии Шумо бошанд ё ҳатто ҳангоми синамаконӣ ба зонуи шумо бароянд. Шумо метавонед ҷараёни синамакониро барои ҳамаи фарзандонатон вақти махсус гардонед. Инҳоянд баъзе ғояҳо:

  • Ҳангоми синамаконӣ, дигар кӯдаконро бо бозичаи дӯстдошта ё кори мушаххас банд кунед.
  • Агар фарзандони калонсоли Шумо раванди синамакониро тамошо кунанд, Шумо метавонед ба онҳо фаҳмонед, ки шир ба кӯдак кӯмак мекунад, ки қавӣ ва солим ба воя расад.
  • Агар фарзандонатон мехоҳанд, ки ҳангоми синамаконӣ дар назди Шумо бошанд, Шумо метавонед ба онҳо ҳикоя нақл кунед ё аз онҳо хоҳиш кунед, ки барои Шумо расм кашанд.
  • Мусиқӣ ё ҳикояи сабтшудаеро, ки кӯдакони калонсоли Шумо дӯст медоранд, пахш кунед ва ҳангоми ширдиҳӣ бо ҳамроҳи онҳо гӯш кунед.
Рафтори душвори кӯдакони калонсол пас аз таваллуди кӯдаки навзод ва чӣ гуна бо он муносибат кардан мумкин аст

Кӯдакони хурдсол ва кӯдакони синни томактабӣ аксар вақт дар соли аввали ҳаёти навзод инҷиқӣ мекунанд. Тағйироти рафтори кӯдакон ба таври зерин зоҳир мешавад:

  • гиря, доду фиғон, ғашкунӣ ва ҳатто хоҳиши баргардонидани кӯдаки навзод ба он ҷое, ки аз он оварда шудааст;
  • ақибравӣ/регрессияи рафтор – бозгашт ба нишонаҳои рафтори навзод, аз қабили дархости пистонак ё кӯмак дар вақти хӯрокхӯрӣ, оббозӣ ё либоспӯшӣ;
  • сарпечӣ аз мустақилона хобидан, зуд-зуд бедоршавии шабона, талаб кардани якҷоя хоб кардан бо волидон;
  • хашму ғазаб нисбат ба навзод.

Одатан тағйирот дар рафтори кӯдакони калонсол як роҳи нишон додани он аст, ки онҳо мехоҳанд ба он чизе ки пеш аз таваллуди кӯдак одат карда буданд, баргарданд.

Маслиҳатҳо барои бартараф кардани душвориҳо дар рафтор

Тадриҷан тағйирот дар оилаи худ мутобиқ шуда, Шумо метавонед байни ҳамаи аъзоёни он муносибатҳои мусбӣ эҷод кунед. Тавсияҳои зеринро истифода баред:

  • фарзандони худро барои рафтори хуб ҳавасманд намоед;
  • ба онҳо дар бораи кӯдакии онхо, чӣ гуна калон шуданд ва чӣ қадар чизҳоро омӯхтанд, нақл кунед;
  • фарзандони худро ба нигоҳубини навзод ҷалб намоед;
  • нисбат ба рафтори фарзандонатон босабр ва ботаҳаммул бошед.