Дар табиат ҳисоб мекунем
Маводҳои зарурӣ: Планшет бо исканҷа барои коғаз, коғаз, қалам.
Таҷҳизоти иловагии ёрирасон: Шишаи калонкунак (лупа), дурбин.
Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Фарзандонатонро барои омӯхтани олами табиат ба берун бароред. Онҳо кадом намудҳои растаниҳо ва ҳайвонотро дида метавонанд. Аз онҳо хоҳиш кунед, ки ба ҷойҳои гуногун назар андозанд ва бозёфтҳои ҷолиби худро қайд намоянд – аз болои дарахт то зери санг ва харсанг. Онҳо метавонанд бозёфтҳои худро ба таври гуногун қайд намоянд. Шояд онҳо метавонанд ҷадвалеро тартиб диҳанд, ки ҳамаи растаниҳои ёфтаи онҳо дар он ҳисоб кунад? Ё шояд ба онҳо кашидан ва нишонгузорӣ кардани ҳайвонот ва ҳашароти ёфтаи худ мақул аст? Роҳи дигари ҷолиб тасаввур кардани бозии хотира аст: ба кӯдакон пешниҳод намоед, ки рӯйхати ҳайвонот/ҳашарот/наботот/паррандаҳои гуногунро, ки мебинанд, аз ёд кунанд ва бинед, ки оё кӯдакон онҳоро бо овози баланд такрор мекунад/мекунанд. Масалан: "Имрӯз ман панҷ мурғобӣ, се шабпарак, як қурбоққа, ду гамбусак ..." ҳисоб кардам. Аз ҳама муҳим он аст, ки онҳо аз омӯзиши олами атроф ҳаловат баранд.
Дар ҳамвории холии 1,6 километри квадратӣ ҳашаротҳо нисбат ба одамони тамоми ҷаҳон зиёдтар ҳастанд!
Фарзанди шумо чиро меомӯзад: Бовар кунондани фарзандатон барои таҳқиқот кардан, номгирӣ ва ҳисоб кардани ҳайвоноте, ки вай мебинанд – ба ӯ имконият медиҳад, ки ҳиссиёти дарк намудани растаниҳо ва ҳайвоноти гирду атрофро инкишоф диҳад. Ин як усули олие барои ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва такмил додани малакаи ҳисобкунӣ мебошад!