Дастони чолок

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Сангҳои майда ва ашёҳое, ки онҳоро баланд партофтан мумкин аст, ба монанди халтачаи лӯбиёдор, пуфаки пури марҷумак (гречка) ё ярмаи гандум (манная крупа), тӯби теннис, ҳалқа ва бӯр.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ба берун равед ва бигзоред, ки кӯдак / кӯдакон як мушт сангҳои хурд (ҳаҷмашон 1,5 ба 1,5 см) ҷамъ кунанд. Сипас дар замин як чуқурчаи хурд кунед, сангчаҳоро дар гирди он гузоред. Мақсади бозӣ ин аст, ки ашёро ба ҳаво баланд партоед ва то ба замин афтодани он кӯшиш кунед ҳама сангҳоро дар чуқурча гузоред ё аз он берун кунед. Ба Шумо лозим аст, ки хеле чолок бошед, то ин ки то ба замин афтодани ашё ин фаъолиятро ба анҷом расонед.

Агар имкони дар замин чуқурча кардан набошад, дар болои асфалт бо бӯр доира кашед ё ба рӯи замин ҳалқа гузоред.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон ин хел бозиҳоро хеле дӯст медоранд, онҳо хеле хурсанд мешаванд ва суръат, ҳамоҳангӣ ва чолокии худро машқ мекунанд.