Дастони кунҷков

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои хурд, аз қабили шақшақа, кубикҳо, ҳалқаҳо, лӯхтакҳо, кӯрпаи мулоим ва болишт.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз он ки машқро бо кӯдак оғоз мекунед, ҳама чизеро, ки ба шумо лозим аст, омода кунед. Кӯрпаеро, ки шумо истифода кардан мехоҳед, дар рӯи қолин ё сатҳи ҳамвор гузоред. Баъд болиштро ба болои кӯрпа гузоред. Барои он ки ин бозӣ то ҳадди имкон самаранок бошад, кӯдак бояд бо сари сина ба рӯи болишт хобонида шавад.

Кӯрпаро дар сатҳи ҳамвор гузоред ва болиштро ба болои кӯрпа гузоред. Барои он ки бозӣ то ҳадди имкон самаранок бошад, кӯдакро бо сари сина ба рӯи болишт хобонед. 

Сипас бозичаҳоро дар масофаи на чандон дуртар ҷойгир кунед, то кӯдак даст дароз карда, бозичаро гирифта тавонад.

Мақсади ин машғулият аз ба кор андохтан ва тамрин додани мушакҳои бадан ва инчунин ангезиш додани ҳамоҳангсозии босиравию маторикӣ иборат мебошад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машқ ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки малакаҳои мотории хурдро инкишоф диҳад ва мушакҳои баданашро беҳтар назорат кунад.