Дастурҳоро иҷро мекунем

Ба Шумо чӣ лозим аст: Тӯп, баргча ё гул, кулоҳи кӯдакона ва ғ.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Ба берун равед! Фарзандатонро ҳамроҳатон гиред (ва, агар имкон бошад, дигар аъзоёни оиларо низ) ва ба боғ, гулгашт ва майдончаи варзишии наздиктарин равед.

Бигзор кӯдак мустақилона (дар зери назорати Шумо) гирду атрофро омӯзад – ӯ акнун мустақилона роҳ гашта ва давида метавонад. Баъдтар мумкин аст, бо истифода аз дастурҳои оддӣ бозӣ кард.

Ба кӯдак дар як вақт, ду дастур диҳед, масалан: “Тӯпро гирифта ба ман парто!”. Эҳтимол ба Шумо лозим меояд, ки бо ишора кӯмак намоед ва ҳатто чанд маротба нишон диҳед, ки Шумо чиро дар назар доштед. Ӯро барои ҳамаи корҳояш  таъриф кунед. Агар ду амалро иҷро намудан барояш ҳоло мушкилтар бошад, онро соддатар намоед ва баъдтар боз  такрор кунед. Бозиро то он даме, ки ба кӯдак шавқовар аст, идома диҳед. Супоришҳои гуногун ва хурсандибахш эҷод кунед: “Ба сӯи падар медавем, баъд ба ин ҷо  меоем!”, “Тӯпро гирифта ба бобоят бар!”

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо фаҳмидан ва риоя кардани дастурҳои оддии  аз ду қисм иборат бударо меомӯзад. Вақте ки ӯ калон мешавад, ӯ метавонад дастурҳои мураккабтарро риоя кунад, ба мактаб омодагӣ гирад ва вазифаҳои боз ҳам душвортари омӯзишро паси сар кунад. Фаъолиятҳои шавқовар дар дохили ва берунӣ рушди маърифатии кӯдак (тафаккур) ва малакаҳои забон ва муошират (фаҳмидани самт) -ро ҳавасманд мекунанд.