Дастёри махсуси ман
Маводи зарурӣ: Ашёи хона ё дигар маводҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурда мешаванд. Масалан либосҳои тозаву таҳкардашуда; бозичаҳо ё дигар ашёе, ки фарзанди Шумо бо он бозӣ кардааст; қошуқҳо, пиёлаҳои намешикаста ва дигар ашёҳо барои хӯрокворӣ; маводи дар боғ ёфтшуда, ба монанди баргҳо.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Ба фарзандатон пешниҳод кунед, ки "дастёри махсуси шумо шавад". Ба ӯ гӯед, « барои ин ҷӯробҳоро ҷо ба ҷо гузоштан ба ман кӯмаки ту лозим аст. Як қисмашро ба ҷуздони хоҳарат мегузорему қисми дигарашро ба ҷуздони ту мегузорем. Ту ин чизҳоро гирифта ҷо ба ҷо гузошта метавонӣ? Ваҳ, чӣ хел ту дастёри калон ҳастӣ, Раҳмат!”
Ин машғулият метавонад як қисми реҷаи ҳаррӯзаи Шумо бошад, бо маводҳо ва вазифаҳои гуногун.
Кӯдаки Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо ҳамкорӣ ва кӯмак намудан ба дигаронро меомӯзад. Ин амал фарзанди Шумо ва дигаронро хушбахт мегардонад. Дар ин ҳолат кӯдак инчунин риоя кардани дастурҳои оддиро аз худ мекунад ва номҳои дигар ашёҳоро аз ёд мекунад. Эҳтимол ӯ гурӯҳбандӣ намудани ашёҳоро аз худ кунад – масалан Шумо метавонед аз вай хоҳиш намоед, ки ҷӯробҳои хурдро ёфта ба як даста гузораду, ҷӯробҳои калонро ба дигар даста. Кӯшиш кунед, ки ин корро ба машғулияти шавқовар табдил диҳед, на ин ки ба озмоиш.