Давомаш чӣ…? Бозиҳои сюжавӣ!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳадафи бозӣ оддӣ мебошад - якҷоя нақл кардани як ҳодисаи ҷолиб!
Вобаста аз шумораи бозингарон, аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки дар як давра нишинанд - ё тартиботро ба нақша гиред, то бидонанд, ки навбати онҳо кай мерасад. Як бозингарро интихоб кунед, то бозиро бо нақл кардани аввали ҳодиса оғоз намояд.
Ҳар як бозингар як дақиқа дорад, ки қисми ба ӯ тааллуқдоштаи ҳодисаро нақл кунад. Бо гузаштани вақт, бозингари навбатӣ аз ҷое, ки бозингари пешина қатъ карда буд, нақл кардани ҳодисаро давом медиҳад.
Ҳодиса метавонад дар навбати бозингари охирин ба анҷом расад, ё Шумо метавонед вақти маҳдудиятро муқаррар кунед (масалан, панҷ дақиқа) - бозигарон то тамом шудани вақт ба навбат нақлашонро идома медиҳанд. Чӣ қадаре ки ҳикоя дарозтар бошад / вақт зиёдтар бошад, ҳамон қадар чизҳои зиёдеро фикр карда нақл намудан мумкин аст!
Бигзор кӯдакон ҳарчи бештар ҳодисаҳоро нақл кунанд. Дар ҳодиса чанд қаҳрамон аст? Ҳодиса дар куҷо мегузарад? Оё гардиши ғайричашмдошти сюжа вуҷуд дорад? Ин бозии шавқовар ва эҷодӣ бешубҳа ҳамаро механдонад!
Ба бозӣ тобиши фароғатӣ илова кунед - пас аз он ки бозингар қисми ба ӯ тааллуқдоштаи ҳодисаро нақл кард, ӯ метавонанд интихоб кунад, ки кадом иштирокчии дигар метавонад нақли ӯро идома диҳад. Кӯдакон бояд ҳикояро бодиққат пайгирӣ кунанд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ - роҳи инкишофи тасаввуроти кӯдакон, инчунин такмил додани малакаҳои гӯш кардан, малакаҳои иҷтимоӣ ва эътимод ба худ мебошад. Ғайр аз ин, омодагии махсус талаб карда намешавад - Шумо метавонед ин бозиро дар вақти дилхоҳ ва дар ҳама ҷо бозӣ кунед!