Дегчаи сеҳрнок
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: дегча ё косача, бозичаи мулоими хурд, ду курпаи мулоим.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои ин бозӣ Шумо бояд бозичаро бо дегча ё косача, дар рӯи фарш пӯшонед. Дар назди дег кӯрпаҳоро рӯи фарш гузоред ва кӯдаки худро болои он шинонед. Ба ӯ гӯед: "Як, ду ва се, нигоҳ кун!" Табақро бардоред, то ки ӯ бозичаи дар зери он пинҳоншударо бубинад. Боз болои бозичаро аз нав пӯшонед ва ба кӯдакатон кӯмак кунед, ки дегча ё косачаро аз болои бозича бардорад. Акнун навбати кӯдакатон аст, ва ӯ ҳама корро бояд худаш анҷом диҳад. Ба ӯ чӣ гуна дегчаро бардоштан ё пӯшониданро нишон диҳед ва бигзор ӯ худаш амалҳои мазкурро иҷро намояд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин амал ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки тафаккури мантиқӣ ва ҳамоҳангсозии ҳаракати дастонашро такмил диҳад.