Додару хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият: онҳо чӣ гуна худро эҳсос мекунанд

Барои кӯдакон доштани эҳсосоти гуногун нисбат ба бародарон ва хоҳарони дорои маъюбият ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Эҳсосоти онҳо метавонанд ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошанд. Агар додару хоҳарони дорои маъюбият рафтори душвор ё мушкилоти муошират дошта бошанд, барои бародарону хоҳарони онҳо шояд мушкилтар шавад. Синну сол, шахсият, хислат ва тартиби таваллуди кӯдаки шумо метавонад ба муносибати ӯ бо бародар ё хоҳари дорои маъюбият таъсир расонад.
Body

Ҷанбаҳои мусбати доштани додару хоҳари дорои маъюбият

Агар дар оилаи кӯдак бародар ё хоҳари дорои маъюбият дошта бошад, ин ҳолат ба ӯ таҷрибаи зиёди мусбат медиҳад.

Кӯдаконе, ки бародар ё хоҳари дорои маъюбият доранд, дар бисёр мавридҳо ғамхор, меҳрубон, ҳассос, ҷавобгӯ ба талаботҳои дигарон, таҳаммулпазир, дилсӯз, баркамол, масъулиятшинос, мустақил ва ҳамроз мебошанд. Эҳтимол, онҳо саломатии хуби худро ҳамчун як чизи муқаррарӣ қабул намекунанд.

Чиро кӯдак метавонад дар бораи маъюбии бародар ё хоҳари худ ҳис кунад ва фикр кунад

Додару хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият мисли дигарон метавонанд худро хуб ҳис кунанд ё баръакс. Ин муқаррарист, ки кӯдак нисбати вазъи оилавии шумо эҳсосоти гуногун дошта бошад.

Баъзан кӯдаки шумо метавонад аз ҳодисаҳои  хуб хурсанд шавад, масалан вақте ки бародари дорои маъюбият ба гап задан оғоз мекунад. Дар мавридҳои дигар,  ӯ метавонад аз ҳодисаи рӯйдода, масалан, вақте ки бародар ё хоҳари дорои маъюбият бозичаашро мегирад ё дар беморхона бистарӣ мешавад, ғамгин, хашмгин ё хиҷолатманд шавад.

Дар инҷо баъзе эҳсосоти мухталифе оварда шудааст, ки бародарону хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият ҳис мекунанд.

Ифтихор

Кӯдаки шумо метавонад аз бародар ё хоҳари кӯдаки дорои маъюбият буданаш ифтихор кунад ва вақте ки бародар ё хоҳараш як маҳорати нав, аз қабили баромадан аз зинапоя дар майдончаро аз худ кунад, хурсанд мешавад. Кӯдаки шумо низ метавонад аз дарки мафҳуми маъюбият ифтихор кунад.

Ғазаб, кина ва рашк

Кӯдаки шумо шояд фикр кунад, ки ба бародар ё хоҳари дорои маъюбияти ӯ вақт ва таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Масалан, ӯ метавонад ҳасад барад, ки бародар ё хоҳараш табобат қабул мекунад. Кӯдак шояд эҳсос кунад, ки ин ҳолатҳо вақти зиёди Шуморо мегирад ва ба иҷрои хоҳишҳои ӯ монеъ мешавад.

Кӯдаки Шумо шояд эҳсос кунад, ки қоидаҳо ва масъулиятҳои оилавӣ беадолатонаанд. Масалан, агар бародар ё хоҳараш масъулияти иҷрои корҳои хонаро кам ё тамоман надошта бошад, ё агар бародар ё хоҳараш барои рафтори асабикунанда сарзаниш нагиранд, хашмгин мешавад.

Хиҷолат ва ҳиси гуноҳ

Кӯдаки Шумо метавонад аз намуди зоҳирӣ ва рафтори бародару хоҳараш дар ҷомеа ва чӣ гуна фикр доштари дӯстони ӯ дар барои бародару хоҳараш дар хиҷолат бошад. Масалан, ӯ метавонад фикр кунад, ки "агар онҳо бародари маро бинанд, ки сарашро мезанад, шояд бо ман дӯстӣ кардан нахоҳанд". Кӯдак метавонад дар ин фикрҳо худро гунаҳкор ҳис кунад.

Вай инчунин метавонад аз посух додан ба саволҳо дар бораи бародар ё хоҳараш шармгин бошад, хусусан агар ӯ дарк накунад, ки маъюбият чист ва сабаби он чист.

Ғамгинӣ

Кӯдаки шумо метавонад аз он ғамгин шавад, ки бародар ё хоҳараш он қадар кореро, ки ӯ мекунад, карда наметавонад, ё ӯ бо бародар ё хоҳари худ мисли дигар бародару хоҳарон  бозӣ карда наметавонад. Шояд ӯ ғамгин шавад, ки зиндагии оилавии шумо мисли пештара нест.

Тарс ва изтироб

Вобаста ба синну сол ва инкишофи кӯдаки шумо, ӯ метавонад хавотир шавад, ки дар мавриди бемор будани бародар ё хоҳари ӯ, худаш низ ба беморӣ гирифтор мешавад. Надоштани фаҳмиш оид ба  маъюбият, сабабҳои он ва сабабҳои истеъмоли дору аз ҷониби бародар ё хоҳар ва гузаштан аз  курсҳои барқарорсозӣ барои кӯдак  мушкилии хос буда метавонад.

Агар кӯдаки дорои маъюбияти  Шумо  рафтори ноустувор ва пешгӯинашаванда дошта бошад, ин метавонад барои дигар кӯдакатон ташвишовар бошад, зеро ӯ дар бораи кай такрор шудани амалҳои ношоями бародар ё хоҳари дорои маъюбияташ хавотир шуда метарсад, ки шояд дар оянда ба ӯ осеб расад.

Агар фарзанди шумо калонтар бошад, вай метавонад дар ташвиш бошад, ки ӯ дар ҳаёти бародар ё хоҳари дорои маъюбияти худ чӣ масъулият ва чӣ нақш мебозад. Шояд ӯ хавотир шавад, ки тамоми умри худро барои нигоҳубини бародар ё хоҳараш сарф мекунад.

Фарзанди шумо метавонад танҳо аз он битарсад, ки дар оянда бо бародар ё хоҳар ва оилааш чӣ мешавад.

Эҳсоси танҳоӣ

Кӯдак метавонад худро танҳо ҳис кунад, зеро ӯ фикр мекунад, ки ҳеҷ кас намефаҳмад, ки доштани бародар ё хоҳари дорои маъюбият чӣ маъно дорад. Агар ба ӯҳдаи фарзанди Шумо нигоҳубини кӯдаки дорои маъюбиятатон вогузор шуда бошад, ӯ шояд эҳсос кунад, ки барои дӯстон вақти кофӣ надорад ё намехоҳад дӯстонро даъват кунад, зеро бародар ё хоҳари ӯ бояд дар ҳузури онҳо бошад.

Стресс

Кӯдак метавонад бо сабабҳои зиёд стресс дошта бошад, масалан, агар ӯ эҳсос кунад, ки шумо дар ҳолати стресс ҳастед. Эҳтимол, ӯ аз ҳад зиёд кӯшиш кунад, ки худро хуб нишон диҳад ва боиси пайдоиши мушкилоти нолозим нагардад.

Агар кӯдаки шумо калонтар бошад, ӯ метавонад эҳсосот ва нигарониҳои худро нисбати хоҳар ё бародари маъюбият дошта пинҳон кунад, то бе дархости кӯмак аз шумо мушкилиҳои шахсии худро ҳал кунад, зеро ӯ намехоҳад, ки ба шумо сарборӣ шавад.

Шумо метавонед ӯро дастгирӣ карда, фаҳмонед, ки инсон баъзан хашму изтироб ва гоҳе шодиву ифтихорро эҳсос кунад. Ҳамаи ин эҳсосот муқаррарӣ ва фаҳмо мебошанд.

Омилҳое, ки ба фикру эҳсосот дар бораи бародарону хоҳарони дорои маъюбият таъсир мерасонанд

Бисёр омилҳо метавонанд ба тарзи фикрронӣ, эҳсосот ва рафтори бародарону хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият таъсир расонанд. Баъзе аз ин омилҳо аз ҷумла синну сол, шахсият, хислат ва тартиби таваллуд барои кӯдаки Шумо инфиродӣ ба ҳисоб мераванд. Вале ба аҳволи фарзанди шумо метавонанд омилҳои дигаре таъсир расонанд, ки ба худи кӯдак алоқаманд нестанд.

Синну сол

Агар фарзанди шумо калонтар бошад, барои ӯ фаҳмидани вазъият ва мутобиқ шудан ба вазъият осонтар мешавад. Кӯдаки хурдсол шояд дар бораи худ бештар фикр кунад. Масалан, ӯ метавонад фикр кунад: "Оё ман ҳам маъюб мешавам?"

Тартиби таваллуд

Кӯдаконе, ки дар оила бародар ё хоҳари калонии онҳо маъюбият доранд, одатан онро оромона қабул мекунанд. Барои он ки онҳо ҳама вақт аз хурдӣ чунин ҳолатро дида буданд, лекин дарки фикру эҳсосоти онҳо муҳим аст.

Навъ ва дараҷаи маъюбият

Барои кӯдак дар бисёр мавридҳо фаҳмидани ҳолати бародар ё хоҳари дорои маъюбияти худ душвор мебошад. Хусусан, агар бародар ё хоҳараш наметавонад хоҳишу талаботҳои худро баён кунад ё рафтори номувофиқе нишон диҳад. Агар кӯдаки шумо бародари дорои маъюбияти худро дарк накунад, ин метавонад ба муносибати онҳо таъсир расонад.

Эҳтиёҷот ба табобат ва нигоҳубин

Агар фарзанди дорои маъюбияти Шумо ба нигоҳубин ва талаботҳои иловагӣ эҳтиёҷ дошта бошад, ин метавонад тағйиротеро талаб кунад, ки ба реҷаҳои оилавӣ ва ҳаёти ҳаррӯза таъсир расонад. Масалан, ин ба иштироки фарзанди Шумо дар дарсҳо ва фаъолияти якҷояи Шумо ва фарзандатон таъсир расонад.

Оила ва некӯаҳволии волидон

Дар мавриди он, ки чи гуна оилаи шумо ба тағйироти марбут ба таваллуди кӯдаки дорои маъюбият мутобиқ мешавад, аз ҷумла муносибати шумо бо ҳамсар ба аҳволи кӯдакони шумо таъсир мерасонад.