Доираҳо мекашем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Қоғази сафед ё ранга, қалам ё бӯр.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо дӯст медорад, ки аломатҳоеро дар рӯи коғаз кашад. Аксар вақт, танҳо ба ӯ коғаз ва қалам диҳед ва бубинед, ки фарзандатон ба чӣ қодир аст! Доираҳо шакли аввалинест, ки кӯдакон ба тасвиркашӣ шурӯъ мекунанд. Бо ҳубобчаҳо пӯшонидани саҳифа аҷиб аст. Шумо метавонед бигӯед: “Биё ҳубобчаҳо созем! Инак, ман инро аввал мекунам». Шумо метавонед доираҳоро рӯи коғаз каше два гӯед:“Ҳоло навбати ту! Ҳубобҳоро ба куҷо мекаши? Оҳ, ин хеле олӣ! (ё дигар шарҳҳои ҷолиб). Мехоҳи ранги дигарро истифода кунӣ? Бубин, ки чӣ қадар ҳубобчаҳо кардем!». Парво накунед, агар доираи фарзандатон бо доираи Шумо монанд набошад. Агар ин кор барои фарзандатон дарвоқеъ душвор бошад, Шумо метавонед дасти ӯро бо мулоимӣ ҳидоят намоед, ё ин машғулиятро барои муддати дертар гузошта вақтро хуш бо кашидан гузаронед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо истифодаи қалам ва бӯрро беҳтар мекунад. Вай кӯшиш мекунад, ки шакли, ки Шумо кашидаед такрор кунад. Ин машғулият рушди ҷисмонӣ ва маърифатии фарзандатонро тақвият мебахшад ва якҷоя иҷро кардани ин намуди машғулият муносибати шуморо мустаҳкам мекунад.