Дуди тамоку

Дуди тамокуи ҷаббидашуда – таъсири зарраҳои никотин ва дигар моддаҳои кимиёвии зараровари тамоку мебошад, ки пас аз тамокукашӣ аз сабаби таҳшиншавии ин зарраҳо дар сатҳи гуногун муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад.
Body

Зарраҳое, ки ҳангоми сӯхтани тамоку ба вуҷуд меоянд, дар либос, рӯи мебел, пардаҳо, қолинҳо, дар дохили мошин ва ғайра ба муддати дуру дароз боқӣ мемонанд. Ин зарраҳо ба осонӣ ва зуд бо дигар моддаҳои ифлоскунандаи дар ҳуҷра мавҷудбуда омехта шуда, омехтаи хеле зарароварро ташкил медиҳанд. Моддаҳои зараровар тавассути ламс кардани сатҳи олудашуда, инчунин тавассути нафаскашии ҳавои ҳуҷраҳое, ки одамон тамоку кашидаанд, ба мо ворид мешаванд.

Пасмондаи сигарет як мушкилии махсус аст: онҳо на танҳо яке аз ифлоскунандаҳои асосии муҳити зист мебошанд, балки барои саломатии инсон ҳам хатари ҷиддӣ доранд. Гап дар сари он аст, ки қисми зиёди никотин ва дигар моддаҳои зарарнок дар филтрҳо нигох дошта мешаванд ва онҳо ҳатто баъд аз чанд рӯзи хомӯш шудани сигор хориҷ шуда метавонанд.

Навзодон ва кӯдакони хурдсол дар зери хатари махсус қарор доранд:

  • онҳо аз таъсир канора гирифта наметавонанд
  • бештар дар хона мебошанд
  • майл доранд, ки ҳама чизро ламс кунанд ва ба даҳони худ гиранд

Илова бар ин, шумораи нафаскашӣ дар як дақиқа дар кӯдакон нисбат ба калонсолон зиёдтар аст, бинобар ин миқдори зиёди моддаҳои зараровар азхуд карда мешаванд ва таъсир ба саломатӣ бештар назаррас аст!

Олимон то ҳол зарари марбут ба ин намуди таъсири тамокуро меомӯзанд. Ягона илоҷи боэътимод ин аст, ки барои худ ва фарзандони худ муҳити бидуни тамокуро интихоб кунед ва чунин муҳити атрофро эҷод кунед.

  • Тамокукаширо дар ҷойҳое, ки шумо «масъул мебошед», дар хона ва дар мошинатон комилан манъ кунед!
  • Агар шумо дар ҳуҷрае, ки шумо ва фарзанди шумо зиндагӣ мекунед, тамокукашӣ карданро иҷозат диҳед (ки мо бешубҳа тавсия Намедиҳем!):

- Барои ин як ҳуҷраи махсус ва алоҳида ҷудо кунед, ки фарзанди шумо ҳеҷ гоҳ дар он набошад!

- Хокистардонро мунтазам тоза кунед!

- Ҳама сатҳҳои мавҷударо мунтазам тоза кунед ва либосҳоро шӯед!

- Ҳуҷраеро, ки шумо ва фарзандатон дар он ҳастед, зуд-зуд шамол диҳед!

  • Ҳангоми сайру гашт бо кӯдакон тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва утоқҳои бозиро интихоб кунед, ки дар онҳо тамокукашӣ комилан манъ аст!