Дӯст пайдо менамоем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Фарзанди Шумо метавонад ба таври гуногун гиря намояд ва ба воситаи гиря кӯшиш мекунад, ки маълумоти гуногунро расонад. Дар давраи мазкур Шумо мушоҳида мекунед, ки ҳангоми пайдо шудани одамони ношинос кӯдак нороҳат мешавад, ки ин ҳолат пештар ба чашм намерасид. Ин ҳолати муақаррарӣ аст.
Одамони навро ҳамеша оҳиста-оҳиста муаррифӣ намоед на ин ки фаврӣ, инчунин аз руйи имконият дар муҳити шинос. Вақте, ки чеҳраи нав ба кӯдак наздик мешавад, ҳамеша бо кӯдак бошед, агар тарс ва гиря зиёд шавад, ӯро ором намоед. Кӯдакро дар даст дошта бо овози ором бо ӯ сӯҳбат намоед ва бовар кунонед, ки Шумо ӯро танҳо намемонед. Шумо метавонед ӯро бо меҳр оҳиста ҷунбонед, оғӯш кунед ё ин ки барои ӯ суруд хонед.
Бодиққат мушоҳида намоед, ки кадом вақт фарзанди Шумо барои дарёфти дӯстони нав омода мешавад. Шумо инро мефаҳмед, вақте, ки ӯ гирду атрофашро нигоҳ мекунад, одамон ва ашёҳоро дар гирду атрофи худ таҳқиқ менамояд. Оҳиста-оҳиста кӯшиш намоед, ки бори дигар ӯро бо одамони нав шинос кунед, бо мушоҳида намудани аломатҳои ҳаловат ва нороҳатии кӯдак.
Ҳар як кӯдак инфиродӣ аст. Фарзанди Шумо метавонад ба одамони нав мутаваҷеҳ бошад ё ин ки ӯ бо одамони ношиноси хушмуомила низ метавонад хеле оҳиста унс гирад. Аз пайи фарзанди худ бошед ва аз ин одамчаи такрорнашванда ҳаловат баред!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо аксуамал намуданро ба ҳолатҳо ва одамони нав меомӯзад, чунки эътинои ӯ шояд ҳар ҳафта иваз шавад. Агар одамони нав қисми ҳаёти кӯдаки Шумо шаванд, бо кӯмаки Шумо ӯ оҳиста-оҳиста ба онҳо одат мекунад, то ин ки одамони мазкур худро хуб эҳсос намоянд.