Фалаҷи майнаи сар
Фалаҷи майнаи сар чист?
Фалаҷи майнаи сар (ФМС) – ин маъюбиятест, ки ба лаёқати кӯдак дар назорат кардани мушакҳо худ таъсир мерасонад.
Кӯдакони дорои ФМС метавонад бо мушкилиҳои зерин дучор шаванд ба монанди сустии мушакҳо, сахтшавии онҳо, бесарусомонӣ, ноустуворӣ ва ларзиш. Ҳамчунин мушкилӣ дар тавозун дошта бошанд.
Сабабҳои фалаҷи майнаи сар
Фалаҷи майнаи сар метавонад ҳангоми вайроншавии майнаи сар ё ин ки мушкилиҳо вобаста ба инкишофи мағзи сар, хусусан он қисматҳои майнаи саре, ки ҳаракати мушакҳоро назорат мекунад.
Вайроншавӣ ва ё мушкилиҳои рушди мағзи сар метавонанд дар ҳолатҳои зерин ба амал оянд :
- майнаи кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ дуруст инкишоф намеёбад
- кӯдак пеш аз мӯҳлат таваллуд мешавад ва майнаи сари ӯ ҳанӯз пурра рушд наёфтааст
- модар ҳангоми ҳомиладорӣ бо вирусҳои гуногун дучор мешавад
- ба кӯдак ҳангоми таваллуд шудан оксигени кофӣ намерасад
- кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ ё пас аз таваллуд шудан инсулт дорад
- кӯдак чанде пас аз таваллуд шудан сирояти ҷиддии мағзӣ сар мегирад
- Кӯдак дар солҳои аввали ҳаёт аз намудҳои муайяни ҷароҳатҳо ранҷ мебарад - масалан, садамаи шадиди нақлиётӣ.
Намудҳои фалаҷи майнаи сар
Се намуди гуногуни фалаҷи майнаи сар вуҷуд дорад.
Фалаҷи спастикии майнаи сар
Кӯдакони дорои ин намуди фалаҷи майнаи сар мушакҳои сахт ва шиддатнок доранд.
Фалаҷи дискинетикии мағзи сар
Кӯдакони дорои ин намуди фалаҷ, гардишҳои беихтиёр ва ҳаракатҳои такроршавандаи бисёр ба вуҷуд меоранд. Онҳо метавонанд дар қисми гуногуни бадан ба вуҷуд оянд ва масалан дар ҳолати даст дароз кардан барои гирифтани пиёла ё ҳангоми гап задан метавонанд бадтар шаванд. Аз сабаби ин ҳаракатҳо ба кӯдакон барои нишастан, истодан, даст дароз кардан ва ё гирифтан хеле мушкил аст.
Фалаҷи атаксии мағзи сар
Кӯдакони дорои ин намуди фалаҷ метавонанд ҳаракатҳои ларзон ва бетартибона дошта бошанд. Онҳо инчунин дар мувозинат мушкилот доранд ва метавонанд пойҳои худро васеъ монанд, то ки тавозунро нигоҳ доранд.
Аксарияти кӯдакони дорои фалаҷи мағзи сар воқеан ду ё зиёда аз ин намудҳои зикргардидаи фалаҷи мағзи сар доранд.
Аломатҳо ва Оқибатҳои фалаҷи майнаи сар
Ҳар як кӯдаки дорои фалаҷи майнаи сар омезиши аломатҳои гуногунро дорост.
Баъзе кӯдакон нишонаҳои сабук доранд ва метавонанд хуб роҳ гарданд ва муошират кунанд. Кӯдакони дорои фалаҷи шадиди мағзи сар бояд то ҳадди аққал чанд вақт аробачаи маъюбиро истифода баранд. Тақрибан сеяки кӯдакони дорои фалаҷи мағзи сар ба кӯмаки иловагӣ ниёз доранд ва чоряки онҳо гап зада наметавонанд.
Оқибатҳои фалаҷи мағзи сари кӯдакон метавонанд гуногун бошанд.
Навзодон
Кӯдакони дорои фалаҷи майнаи сар метавонанд:
- мушкилӣ шангоми ғизодиҳӣ
- инкишофёбии суст
- ҳаракатҳои нобаробари бадан - масалан, онҳо метавонанд ба як дасти худ аҳамият надиҳанд ё ин ки аз аввал афзалият танҳо ба як даст медиҳанд
- назорати бади мушакҳо
- оҳанги пасти мушакҳо
- дарди мушакҳо ё сахт будани онҳо ҳангоми кӯшиши ҳаракат додани буғумҳо.
Вайроншавии мағзи сари кӯдакони дорои фалаҷи мағзи сар дар оянда бадтар нахоҳад шуд. Аммо вақте ки онҳо калонтар мешаванд, бадани онҳо ба душвориҳо дучор шуда паси сар кардани онҳо мушкилтар мешавад. Масалан, онҳо метавонанд ҳангоми баландшавии қад дар давраи наврасӣ бо мушкилиҳои роҳгардӣ дучор мешаванд.
Кӯдакон
Мушкилҳои бештари кӯдакони дорои фалаҷи майнаи сар:
- ҳаракат
- ғизо
- дард
- хоб
- муошират
Дигар мушкилиҳо метавонанд вуҷуд дошта бошанд:
- хусусиятҳои инкишофи зеҳнӣ ва ё мушкилӣ дар таълим тақрибан дар 45% кӯдакон
- мушкилӣ дар рафтор
- хусусиятҳои биноӣ
- хусусиятҳои шунавоӣ
Дигар мушкилиҳо вобаста ба саломатӣ
Бештари кӯдакони дорои фалаҷи майнаи сар мушкилиҳои зиед вобаста ба саломатии онҳо, ба монанди: рефлюкси гастроэзофагеалӣ, қабз (запор), эпилепсия, мушкилотҳои ортопедӣ ва сироятҳои такрории қафаси сина.
Шумо аз ҳама хубтар фарзанди худро медонед. Аагар Шумо оид ба инки шофи кӯдакатон хавотир ҳастед ба эҳсосоти худ боварӣ дошта бо духтури кӯдаконаи худатон ва ё ин ки ҳамшираи оилавӣ оид ба мушкилиҳои худ сӯҳбат намоед.
Ташхис ва озмоишҳои фалаҷи майнаи сар
Фалаҷи майнаи сари кӯдакона - ин бемории мушкилест, ва на ҳамавақт осон аст, ташхиси дақиқи онро то синни 12 моҳагӣ муайян намуд.
Барои ташхиси фалаҷи майнаи сар, духтур маълумоти пурраи таърихи бемории Шуморо ҷамъ оварда бодиққат кӯдаки Шуморо муоина менамояд, ҳамчунин барои кӯдаки Шумо метавонад ташриф ба якчанд мутахас ва супоридани озмошҳои иловагӣ барои истиснои дигар пиндоштҳо лозим оянд.
Хизматрасонии дахолаткунии барвақтӣ барои кӯдакони дорои фалаҷи майнаи сар
Гарчанде ки доруворӣ аз фалаҷи майна сар вуҷуд надорад, дахолати барвақтӣ метавонад аломатҳои кӯдаки Шуморо шифо бахшад ва натиҷаҳои инкишофи ӯро такмил диҳад ва ба ӯ кумак кунад, ки иқтидори ӯро пурра таъмин кунад.
Тавассути хизматрасонии дахолаткунии барвақтӣ, Шумо метавонед бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ кор кунед, то ки усулҳои табобат ва хизматрасонии барвактиеро, ки барои фарзандатон мувофиқанд, интихоб кунед.
Гурӯҳи мутахассисоне, ки дар кӯмаки Шумо ва дастгирии кӯдаки Шумо иштирок мекунанд, педиатр, тавонбахшон, мутахасисони инкишофи нутқ, омӯзгорони таълими махсус, инчунин кормандони иҷтимоӣ, ки метавонад дар бораи кӯмаки эҳтимолии молиявӣ барои Шумо маълумот пешниҳод намоянд.
Ғамхорӣ барои худ ва оилаи худ
Ҳарчанд, ки нигоҳубини кўдак муқаррарӣ аст, муҳим аст, ки сараввал ба нигоҳубин ва некӯаҳволии худ аҳамият диҳед. Шумо метавонед беҳтар фарзанди худро нигоҳубин кунед, агар Шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ, солим бошед.
Сӯҳбат бо дигар падару модар метавонад як усули аълои дастгирӣ бошад. Шумо метавонед бо падару модарони дигар, ки дар ҳолатҳои монанд ҳастанд, шахсан ва ё ба гурӯҳҳои дастгирии онлайн шомил шуда дар тамос бошед.
Агар Шумо фарзандони дигар доред, бародару хоҳарони кӯдакони дорои маъюбият бояд фикр кунанд, ки онҳо ҳам муҳиманд, ва Шумо онҳоро нигоҳубин карда аз он чизе ки онҳо мегузаранд ғамхорӣ зоҳир менамоед. Бисер муҳим аст, ки Шумо бо онҳо сӯҳбат карда, бо онҳо вақт гузаронида, роҳи дурусти дастгириро пайдо намоед.