Фармонҳоро иҷро мекунем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Шахси калонсол метавонад нақши "Капитан"-ро бар дӯш гирад ё ин нақшро метавонанд яке аз кӯдакон ба ӯҳда гиранд. «Капитан» дар назди гурӯҳи бозигарон истода, фармонҳоро ба мисли «Бо фармони капитан, ба як по ҷаҳед», «Бо фармони капитан, хамла кунед» ё «Бо фармони капитан, забонро бароред» мегӯяд. Амале, ки бо калимаҳои «Бо фармони капитан, ...» оғоз мешавад, бояд иҷро карда шавад. Амалеро, ки бо калимаҳои «Бо фармони капитан, ...» оғоз намешавад, иҷро кардан мумкин нест.
Бозингароне, ки амалҳои “Бо фармони капитан” пешниҳодшударо, иҷро намекунанд аз бозӣ мебароянд!
Бозингари охирин ғолиб дониста мешавад ва дар ин лаҳза ӯ метавонад розӣ шавад, ки бо "Капитан" мусобиқаи даври ниҳоӣ баргузор карда бубинад, ки оё капитан метавонад ӯро дастгир кунад. Он гоҳ ӯ капитани асосӣ мешавад!
Худи «Капитан» ҳама гуна амалҳоро иҷро карда метавонад. Ин барои ба иштибоҳ андохтани бозигарон кӯмак мекунад. Масалан, агар Шумо ҳар чизеро, ки мегӯед, иҷро кунед: "Бо фармони Капитан, ба чап нигоҳ кунед; Бо фармони Капитан, ба рост нигоҳ кунед, ба чап нигоҳ кунед", баъзе кӯдакон метавонанд ҳар серо иҷро кунанд. Аммо, албатта, амалиёти охиринро иҷро кардан лозим нест, зеро он бо суханони «Бо фармони капитан,...» оғоз нашудааст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин натанҳо бозии аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол, балки вақтгузаронии хурсандибахш ба ҳисоб меравад! Барои фаҳмидани кадом амалро иҷро кардан, кӯдакон бояд кӯшиш кунанд, ки бодиққат бошанд.. Вақте ки онҳо муваффақ мешаванд, аз шодӣ медурахшанд. Аммо вақте ки капитан онҳоро дастгир мекунад, ноумедиҳо низ пайдо шуда метавонанд!