Фарши хона — ин гудозаи вулқон аст
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Ҳама чизе, ки ба болои он бехатар пой гузоштан мумкин аст, ба монанди болиштҳо, қолинчаҳо ё қуттиҳои мустаҳкам.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар вақти ин бозӣ кӯдакон дар болои ашёҳои гуногун ҳаракат карда, тасаввур мекунанд, ки фарш гудоза аст. Мақсади бозӣ - наафтодан. Агар бозингар ба гудоза қадам монад, ӯ бояд интизор шавад, ки бозингари дигар ӯро наҷот диҳад.
Бо кӯдакон муҳокима кунед, ки кадом ҷойҳо "бехатар" ҳисобида мешаванд, бигзоред, ки онҳо якчандторо интихоб кунанд. Агар Шумо дар дохили хона бозӣ кунед, ин метавонад болишт ва кӯрпа бошад. Ҳангоми бозӣ дар берун, Шумо метавонед роҳрав, зинапояҳо ё баъзе чизҳои майдончаи бозиро интихоб кунед.
Кӯдаконро ташвиқ кунед, ки тасаввуроти худро истифода баранд ва ҳангоми бозӣ тағироти иловагии сюжетро эҷод кунанд. Масалан, бигзор кӯдакон муайян кунанд, ки оё онҳо дар ҷазирае ҳастанд, ки гудоза аз онҷо меояд, оё гудоза тез ҳаракат мекунад ё не.
Дар бораи оғоз ва анҷоми бозӣ ба як қарор оед. Бигзор бозингарон аз нуқтаи «А» ба нуқтаи «В» ба «гудоза» қадам намонда раванд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бисёр кӯдакон беихтиёрона ин бозӣро бидуни донистани қоидаҳо бозӣ мекунанд! Ин маҷмӯи комили ҳисси саёҳат, инкишофи тасаввурот ва малакаҳои ҳалли мушкилот аст.