Фазла ва пешоби кӯдак
Пешоби кӯдак: Шумо чиро бояд донед?
Кӯдакон метавонанд дар як рӯз якчанд маротиба пешоб кунанд.
Миқдори кофии уребчаҳои тар аломати хуб аст: ин нишон медиҳад, ки кӯдак шир ва моеъи кофӣ мегирад. Вақте ки кӯдак калонтар мешавад, ӯ камтар пешоб мекунад, аммо он метавонад дар як рӯз ҳадди аққал 6-8 маротиба бошад.
Ҳар дафъае, ки кӯдаки Шумо пешоб мекунад, ба ҷоришавии пешоб ё доғи пешоб дар уребча нигоҳ кунед. Ин ба Шумо дар бораи саломатии ӯ бисёр маълумот медиҳад.
Миқдори кофии пешоби шаффофи беранг муқаррарӣ аст. Уребчаи вазнин нишон медиҳад, ки кӯдак ба қадри кофӣ пешоб мекунад. Агар кӯдак кам-кам пешоб кунад ё ранги пешоб ториктар бошад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ камшавии оби бадан дорад ё ба қадри кофӣ моеъ намегирад.
Агар Шумо доғҳои пешоби рангаш гулобии равшан ё норанҷиро бинед, Шумо набояд дар ташвиш бошед. Сабаб метавонад аксуламали пешоб бо моддаҳои кимиёвӣ дар уребча бошад ва ин як ҳолати хеле маъмул аст. Агар доғҳои пешоб сурх ё қаҳваранг бошанд ва Шумо фикр кунед, ки дар пешоб хун вуҷуд дорад ё фарзанди Шумо худро хуб ҳис накунад, фавран ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
Фазлаи кӯдак: Шумо чиро бояд донед?
Пасафканди нахустини кӯдаки навзод - меконий - як моддаи қатронмонанди рангаш сабзи торик аст. Ин ҳолати муқаррарӣ аст, ки натиҷаи холӣ шудани меъдаву рӯдаҳои кӯдак пас аз нӯҳ моҳ дар батни модар будан мебошад. Мумкин аст, ки дар давоми чанд рӯз кӯдак пасафканди сабзи торик дошта бошад.
Пас аз он дар ӯ ташаккули пасафканди бештар доимӣ оғоз меёбад. Он чӣ гуна ба назар мерасад ва бӯй мекунад ва чӣ қадар зуд-зуд кӯдак пасафканд мекунад барои ҳар як кӯдак фарқ мекунад. Ва дар ҳар хел ҳолат, "меъёр" метавонад комилан гуногун бошад.
Баъзе кӯдакон дар як рӯз якчанд маротиба ва баъзеҳо ҳамагӣ чанд маротиба дар як ҳафта пасафканд мекунанд. Ин ҳолати муқаррарӣ аст. Кӯдакон одатан дар давом ва ё чанде пас аз хӯрокхӯрӣ пасафканд мекунанд. Ин рефлекси гастроколикӣ номида мешавад.
Бо мурури замон, пас аз ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо, Шумо тағироти зеринро дар пасафканди кӯдак мушоҳида мекунед:
- зудӣ;
- ранг;
- ғафсӣ – пасафканд метавонад сахт ё суюқ шавад;
- бӯй – одатан, вақте ки кӯдак ба хӯрдани хӯрокҳои сахт шурӯъ мекунад, бӯй сахттар мешавад.
Парҳез ба фазлаи кӯдак чӣ гуна таъсир мерасонад?
Намуди зоҳирии пасафканди кӯдаки Шумо метавонад аз парҳези ӯ вобаста бошад.
Шири модар
Пасафканд:
- хеле мулоим ва шояд ҳатто суюқ, каме ба хардал/горчица монанд, аксаран зарду норанҷӣ, аммо баъзан сабз хоҳад буд;
- метавонад дур-дур бошад, аммо то даме ки кӯдак ба хӯрдани ғизои сахт шурӯъ накунад, хеле мулоим боқӣ мемонад;
- бӯй аз он чизе, ки модар мехӯрад, таъсир мерасонад.
Шири сунъӣ
Пасафканд:
- одатан сахттар аст, аммо ранг ва ғафсии он метавонад хеле фарқ кунад;
- метавонад хокистарранг-зард (ё ҳатто хокистарранг-кабуд) бошад ё баъзе тобишҳои қаҳваранг дошта бошад
Гузариш аз як намуди шири сунъӣ ба дигараш
Ин метавонад ба тағирёбии намуди зоҳирӣ ва ғафсии пасафканди кӯдак оварда расонад.
Ғизои сахт
Пасафканд:
- аз ҳамон вақте ки Шумо хӯрокҳои сахтро ба парҳези кӯдаки худ дохил мекунед, пасафканд сахттар ва бӯяш тезтар мешавад;
- чунин ба назар мерасад, ки баъзе зарраҳои ғизои сахт ҳазм нашудаанд. Ин аз он сабаб аст, ки системаи ҳозимаи кӯдак ҳанӯз инкишоф меёбад. Одатан ин муқаррарӣ аст.
Мушкилоти фазла
Қабзият
Қабзият вақте пайдо мешавад, ки пасафканд сахт ва хушк мешавад ва ба саққочаҳо ё сангчаҳои хурд монанд аст. Барои кӯдак баровардани чунин пасафканд душвор аст, ин метавонад ба инҷиқӣ оварда расонад.
Эҳтимолияти қабзият дар кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ мегиранд, бештар рух медиҳад. Ин одатан вақте рух медиҳад, ки шири сунъӣ бо оби хеле кам тайёр карда мешавад.
Қабзият метавонад ҳангоми ба парҳези кӯдак ворид намудани хӯрокҳои сахт пайдо шавад. Ин одатан пас аз чанд ҳафта аз байн меравад.
Агар кӯдаки Шумо зӯр занад ва пасафканди ӯ ба сангчаҳои сахту хушк монанд бошад, ё агар Шумо дар пасафканд хунро бинед, барои маслиҳат ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
Дарунравӣ
Дарунравӣ вақте рух медиҳад, ки кӯдак пасафканди хеле суюқ ё ҳатто обдор дорад, ки ин ҳолат аз муқаррарӣ бештар рух медиҳад. Агар кӯдаки Шумо қай низ кунад, пас сабаби ин метавонад сирояти рӯда бошад. Дар ин ҳолат, муҳим аст, ки фавран ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед, то боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдаки Шумо камшавии оби бадан нашавад.
Фазлаи равшантоб
Агар пӯсти кӯдак ранги зард дошта бошад ва пасафкандаш зарди сафедчатоб, сафед ё хокистарранг бошад, фавран ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед - ин хел пасафканд метавонад аломати бемории нодири ҷигар бошад. Барои санҷиш бояд таҳлили хуни кӯдак гузаронида шавад. Акс гиред ё намунаи пасафканди кӯдаки худро гиред, то табиб онро муоина карда тавонад.