Фикр карда ёбед

Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Лаълӣ, бист ашёи хурд.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Тақрибан бист ашёи хурдро ба монанди чангак, калид, қалам, санг ё танга омода кунед. Онҳоро дар лаълӣ гузоред ва ба бозингари дигар нишон диҳед.

Ба бозингари дигар ду дақиқа вақт дода мешавад, ки ашёҳоро дар лаълӣ бо дасташ ламс кунад, бинад ва кӯшиш кунад, ки онҳоро дар хотир нигоҳ дорад.

Он касе, ки ҳама чизро ба лаълӣ гузоштааст, онро бозпас гирифта, як ашёро аз он мегирад ва ашёҳои дар лаълӣ бударо аз нав ба тартиб медарорад, то вазифаро душвортар кунад. Сипас ӯ лаълиро боз ба бозингари дигар нишон медиҳад, ки ӯ бояд муайян кунад, ки кадом ашё намерасад.

Сипас, бозингарон ҷойҳоро иваз мекунанд ва акнун шахсе, ки бозиро оғоз кардааст, бояд кӯшиш кунад, ки ашёро дар хотир нигоҳ дорад.

Роҳи дигари бозӣ кардани ин бозӣ бо як гурӯҳи кӯдакон вуҷуд дорад. Ба Шумо лозим аст, ки лаълиро бо дастархон / дастпоккун пӯшонед; онро дар муддати ду дақиқа кушоед, то ҳама кӯшиш кунанд, ки ашёҳоро дар хотир нигоҳ доранд. Пас аз нав рӯи лаълиро пӯшонед ва ҳар кас бояд рӯйхати ҳама чизеро, ки дар он ҷо буд, тартиб диҳад. Санҷед, ки кӣ беҳтарин хотира дорад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият барои санҷиши мушоҳидакории кӯдакон мебошад, ки дар он Шумо бояд як гурӯҳи ашёро дар хотир нигоҳ доред ва сипас кӯшиш кунед муайян намоед, ки кадоме аз онҳо гум шудаанд.