Фрисби

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Фрисби 

Бозӣ аз чӣ иборат аст:  Агар танҳо ду бозингар бошанд, дар масофаи кӯтоҳ дар муқобили якдигар истанд. Агар якчанд бозингар бошанд, аз онҳо хоҳиш кунед, ки дар давра истанд. Мақсади бозӣ – партофтани фрисби ба якдигар, ин як ҳаракати оддии банди даст, ба таври қулочкашӣ. Ҳар дафъае, ки ягон бозингар фрисбиро меқапад, ҳама бозингарон як қадам ба ақиб мемонанд, то ки масофаи байни онҳо дар ҷараёни бозӣ зиёд шавад. Бубинед, ки Шумо чӣ қадар аз ҳамдигар дур рафта метавонед!

Пеш аз ихтироъ кардани фрисби, одамон ин бозиро бо сарпӯши тунукаи консерваҳо ва қолибҳои нонпазӣ бозӣ мекарданд!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ба нишон гирифтан, тоб додан ва партофтани фрисби ба фарзанди Шумо дар инкишоф додани малакаҳои моторикаи калон кӯмак мекунад ва ин инчунин як имконияти олие барои фаъолона ва хурсандона дар ҳавои кушод вақтхушӣ кардан аст! Он инчунин муоширати иҷтимоӣ ва кори дастаҷамъиро ташвиқ мекунад, зеро бозингарон якҷоя барои партофтан, қапидан ва давидан кор мекунанд.