Ғамхорӣ ба дигарон

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ду лӯхтак ё бозичаҳои мулоим; кампал, куртка ё палто; як зарф ё шишаи обнӯшӣ.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз намудани машғулият, ҳама чизҳоеро, ки ба Шумо лозим аст, дар ҷойи ороме, ки Шуморо халалдор намекунад, омода кунед.

Бозичаҳоро оварда якеи онҳоро ба кӯдакатон диҳед. Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр бо муҳаббат бозичаро ба оғӯш гирифтан лозим аст. Шумо метавонед бигӯед: "Нигоҳ кун, вай хаста шудааст" ё бозичаро бо калимаҳои "Ман туро дӯст медорам" ба оғӯш гиред. Бигзор кӯдак кӯшиш кунад, ки бо бозичааш низ ҳамин тавр рафтор намояд.

Метавонед бозичаро аз пиёла ё шиша ғизо диҳед. Вақте ки Шумо ғизодиҳиро ба бозича тамом кардед, шишаро ба кӯдакатон диҳед, то ӯ ба бозичааш ҳамин тавр ғизо диҳад. Ба кӯдакатон гӯед, ки "Ӯ хунук мехӯрад" ва бозичаро бо кӯрпа печонед. Ба кӯдаки худ як курпа дода ба ӯ нишон диҳед, ки ҳангоми хобонидани бозичааш чӣ гуна болои онро пӯшонад.

Шумо метавонед амалҳои гуногунро фикр кунед, то кӯдаки худро ба ин кор ташвиқ намоед. Оҳиста-оҳиста фарзанди Шумо роҳҳои нави нигоҳубини бозичаро пайдо мекунад. Бо кӯмаки ин машқ кӯдаки Шумо нисбат ба ҳайвонот ва паррандагон муносибати дилсӯзона карданро меомӯзад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин бозӣ, фарзанди Шумо қобилияти аксуамал карданро ба эҳсосоти дигарон инкишоф медиҳад. Инчунин, бозии мазкур меҳрубон будан бо дигар одамон ва омода шудан барои ҳамоҳангсозии иҷтимоӣ меомӯзад.