Ғамхорӣ нисбат ба дигарон

Маводҳои зарурӣ: Ду лӯхтак ё бозичаҳои мулоим; Кӯрпа, куртка ё палто; Як шиша ё пиёлаи обхӯрӣ.

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Пеш аз оғози машғулият, ҷойи оромеро омода намоед, ки ҳеҷ кас ба Шумо халал намерасонад.

Лӯхтакро дар даст гирифта, дигарашро ба фарзандатон диҳед. Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ гуна лӯхтакро меҳрубонона ба оғӯш гирифта дар даст гирифта гаштан лозим аст. Шумо метавонед лӯхтакро ба оғӯш гирифта, ба ӯ гӯед: “Бин, ӯ хаста шудааст” ё “Ман туро дӯст медорам”.  Ба фарзандатон пешниҳод кунед, ки ҳамин амалро бо лӯхтаки худ такрор намояд.

Шумо инчунин метавонед лӯхтакро аз пиёла ё шиша хӯрок диҳед. Вақте ки Шумо вонамуд намудани онеро, ки хӯронда истодаед, ба итмом мерасонед, ба фарзандатон шишаро диҳед, ки ҳамин корро бо лухтакаш такрор кунад. Ба кӯдак гӯед: “Вай хунук хӯрда истодааст”, лӯхтакро бо кӯрпа печонед. Ба фарзандатон кӯрпаро диҳед, то ин ки ӯ низ лӯхтакро пӯшонад ва Шумо  метавонед якҷоя дар як вақт лӯхтакро дар даст ҷунбонеду вонамуд кунед, ки гӯё онҳоро хобонда истодаед.

Шумо метавонед амалҳои гуногунро иҷро карда, фарзандатонро даъват кунед, ки онҳоро такрор кунад. Барои мустаҳкам кардани малака машғулиятро якчанд маротиба такрор кунед. Оҳиста-оҳиста, фарзанди Шумо дар бораи роҳҳои нави нигоҳубини лӯхтак фикр хоҳад кард. Бо ёрии ин машғулият, фарзанди Шумо эҳтиром намудани ҳайвонот, аз он ҷумла ҳайвоноти хонагиро ёд мегирад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин машғулият фарзанди Шумо малакаи таваҷҷуҳ кардан ба эҳсости дигаронро инчунин ба одамон накукор буданро меомӯзонад. Фарзанди Шумо худро ба ҳамгироии иҷтимоии оянда, бо кӯмаки муошират тариқи ҳаракат омода менамояд.