Гавак кардан ва гузаштан аз монеаҳо
Маводҳои зарурӣ: Бозичаҳо (беҳтараш матогӣ), болиштҳо ва ғ.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Барои оғози ин машғулият, аввал ҳуҷраи мувофиқро интихоб кунед, ки қолин дошта бошад. Ба атрофи ҳуҷра бозичаҳо ва болиштҳои матогӣ паҳн кунед.
Кӯдакатонро гирифта, барои гавак кардан фиристед. Бубинед, ки оё вай метавонад аз болои монеаҳо гузарад.
Кӯдакатонро бо тасдиқҳое мисли "Ту метавонӣ ба ин ноил шавӣ. Ту қобил ҳастӣ, ман ба ту боварӣ дорам" ҳавасманд кунед ва ӯро бо бӯсаҳо мукофот диҳед.
Бо кӯдаки худ аз ин машғулият лаззат баред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки дарки биноӣ ва тафаккури мантиқии ӯро ҳавасманд гардонда такмил диҳад. Он инчунин метавонад ба фразандатон дар ҳалли мушкилот, ҳавасмандии биноӣ ва мустаҳкам намудани мушакҳояш кӯмак кунад, ва барои зуд ҳаракат кардан имконият медиҳад.