Газидан, пучидан ва кашидани мӯй
Газидан, пучидан ва кашидани мӯй: барои чӣ кӯдакони хурд ва калонтар ин амалҳоро иҷро мекунанд
Кӯдакони хурдсол метавонанд мӯи сарро кашанд, газанд ва пучанд ва бо чунин таҷриба муҳити атрофро тадқиқ намоянд.
Кӯдакони 6-12-моҳа метавонанд амалҳои газидан, пучидан ва кашидани мӯи Шуморо иҷро карда бубинанд, ки чӣ мешавад.
Кӯдакон инчунин метавонанд ҳангоми дандонбарорӣ аз сабаби дарди милки дандон газанд.
Сабаби эҳтимолии газидан, пучидан ё кашидани мӯй аз ҷониби кӯдакони хурдсол метавонад дар он бошад, ки онҳо ҳаяҷон, асабоният, рӯҳафтодагӣ ё дардмандӣ дошта бошанд, вале онҳо имкони ибрози ин эҳсосотро надоранд.
Баъзе кӯдакон метавонанд бо тақлид намудани рафтори дигарон газанд, пучанд ё мӯйро кашанд - онҳо мебинанд, ки кӯдакони дигар ин корро мекунанд ё бо онҳо ин корро кардаанд. Кӯдакон инчунин метавонанд ин амалро ҳангоми ҷанҷол ё баҳс бораи чизе иҷро кунанд.
Чи гуна кӯдаконро дар мавриди газидан, пучидан ва кашидани мӯй идора бояд кард
Навзод
Беҳтар аст, ки ба фарзандатон ҳангоми газидан, пучидан ё кашидани мӯй ҷавоби возеҳи шифоҳӣ диҳед. Масалан, Шумо метавонед "накун" бигӯед.
Қадами навбатӣ дур кардани даст (ё даҳон!) буда оромона рӯи кӯдакро ба самти дигар гардонед. Агар кӯдаки Шумо боз шуморо занад, газад мисли пештара аксуламали ҷавобӣ диҳед.
Агар кӯдаки Шумо дандон барорад, ба ӯ чизе бидиҳед, ки ӯ газида тавонад, яъне Шумо дандонхилоли хунукшуда ё бозичаи бехатарро дода метавонед. Агар кӯдак гурусна бошад ба ӯ хӯрок диҳед.
Кӯдакон амалеро такрор карда диққати Шуморо ба худ ҷалб мекунанд. Ҳамин тавр, вақте ки фарзанди Шумо рафтори мусбӣ нишон дод, масалан бо нармӣ Шуморо ламс кард, бо таваҷҷӯҳи бештар ӯро рӯҳбаланд намоед.
Кӯдакони хурдсол
Иброз намудани аксуламал нисбат ба газидан, пучидан ва кашидани мӯй ба таври возеҳу шифоҳӣ муҳим аст. Инчунин изҳор намудани эҳсосоти худ ба кӯдак низ дар ин маврид хуб мебошад. Масалан, бигӯед: «Не. Набояд бигазӣ. Барои ман дарднок аст».
Қадамҳои ояндаи Шумо аз сабабҳои амали кӯдаки Шумо вобаста мебошад.
Бо сухан «эҳсосоти бузурги» худро изҳор карда наметавонад
Агар Шумо фикр кунед, ки фарзанди Шумо мӯйро кашад, пучад ё газад, ва ин сабаби он барои ифода кардани эҳсосоти худ калимае наёфтанаш бошад, ором будан муҳим аст. Шумо инчунин метавонед ба ӯ кӯмак кунед ва ҳиссиёти ӯро муайян кунед, то ки кӯдак онҳоро бо калимаҳо баён намояд. Масалан, ҳангоми иҷроиши амали мазкур кӯдакро боздошта кӯшиш кунед, ки чизе бигӯед, ба мисли: "Исто, маро назан!" Сипас илова кунед: "Модар, ман хеле хашмгинам!" - ин ҳолати кӯдакро нишон медиҳад ва нишон диҳед, ки дафъаи оянда чӣ гуна амал намояд.
Диққат
Агар Шумо аз кӯдак дур бошед ин нишон медиҳад, ки Шумо худро чи гуна ҳис мекунед. Масалан агар кӯдакатон кӯшиши зарба задан ё газидани Шуморо кунад, Шумо метавонед рӯятонро гардонеду равед.
Барангезиш ё гуруснагӣ
Агар кӯдаки Шумо аз гуруснагӣ газад, Шумо метавонед ба ӯ хӯрокҳои қарсӣ, аз ҷумла нони хушконидашуда, крекер, қаламчаҳо аз сабзӣ ё зарфи нӯшокидор бо найча ё дандонхилол пешниҳод кунед.
Агар кӯдаки Шумо газидан, пучидан ё кашидани мӯи сарро давом диҳад, кӯшиш кунед, ки ҳар дафъае, ки ин амалро иҷро мекунад якхела ҷавоб диҳед. Ин амали Шумо ба ӯ кӯмак мекунад, ки рафтори дуруст карданро омӯзад. Агар фарзанди Шумо се сола ё калонтар бошад, дар бораи оқибатҳои ин рафтор чора андешед, масалан, ин метавонад муддати кӯтоҳе аут-тайм бошад.
Агар кӯдаки Шумо мӯи сари кӯдаки дигарро кашад, газад ё пучад
Агар кӯдаки Шумо кӯдаки дигарро газад ва ӯро озор диҳад, Шумо оромиро риоя намуда аз волидони кӯдак узр пурсед. Шумо инчунин метавонед бигуед: «Омина барои он гиря мекунад, ки барои ӯ дарднок аст».
Баъдан оромона кӯдакатонро (агар имконпазир бошад!) аз ин ҳолат бароред.
Кӯдакони синни калонтар: сӯҳбат оид ба газидан, пучидан ва кашидани мӯй
Вақте ки ҳардуи Шумо ором ҳастед, бо кӯдаки калони худ дар бораи газидан, пучидан ва кашидани мӯй сӯҳбат кунед. Муҳим аст, ки сӯҳбат бо забони барои ӯ фаҳмо гузаронида шавад. Масалан: «Имрӯз бо Омина бозӣ кардан бароят душвор буд. Омина, вақте ки бозичаи туро гирифтанӣ буд, хеле тарсид ва ту кӯшиш кардӣ ӯро бигазӣ. Ту метавонистӣ ба ӯ бигӯӣ: «Омина, ҳоло ин бозича ба ман хеле зарур аст. Ман баъдтар инро ба ту медиҳам." Шояд дар он вақт Омина мехост боз бо ту бозӣ кунад!
Пас аз ҳодисаи хиҷолатоваре, ки бо газидан, пучидан ё кашидани мӯй вобастагӣ дорад, ба фарзандатон кӯмак кунед, то ором шавад. Шумо метавонед ба ягон амал, аз ҷумла бозӣ кардан бо қум ё об, ҳаво додани ҳубобҳои собунӣ, суробсозӣ аз гил, ё хамир, ё расм кашидан машғул шавед.