Газидани ҳашарот

Таъсири газидани ҳашаротро мустақилона бо истифода аз вояҳои вобаста ба синну сол тавсияшавандаи дорувориҳои антигистаминӣ, парасетамол ё ибупрофен бартараф намудан мумкин аст. Вале, агар дар кӯдаки Шумо шакли вазнин ё аксуламали ғайримуқаррарӣ нисбат ба газидани ҳашарот мушоҳида карда шавад, бояд фавран ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намоед (ба рақами 103 занг занед).
Body
Газидани занбӯр
Нишонаҳо

Дарди сахт дар ҷои газида, ки он ҷо хеле зуд варам мекунад.

Дар нӯги нештари занбӯр дандонаҳо ҷойгир ҳастанд, ки дар пӯст бо ғадуди заҳровар боқӣ мемонанд. Пас аз газидан занбӯр мефавтад.

Агар кӯдаки Шумо нисбати заҳри занбӯр ҳассосият дошта бошад, дар организми ӯ аксуламали алллергикӣ пайдо шуда метавонад, ки бо аломатҳои зерин зоҳир мешавад: донасории паҳншуда, душворӣ дар нафаскашӣ ва ҳатто беҳушии кӯтоҳмуддат.

Чӣ бояд кард?

Боэҳтиётона ҳашаротро дур кунед. Агар ӯ фавтида бошад, онро нигоҳ доред ва табиб нишон диҳед, то ӯ донад, ки кадом ҳашарот аст. Нештари занбӯрро пахш накунед, зеро ин метавонад боиси миқдори зиёди заҳр ба захм гардад. Бо ёрии пинсет нештарро дур кунед. 

Барои кам кардани варам ба минтақаи зарардида порчаи ях гузоред. Шумо метавонед ба фарзандатон барои сабук кардани ҳисси дард доруи парасетамол ё ибупрофенро дар вояи мувофиқи тавсияшавандаро диҳед. Доруҳои антигистаминӣ метавонанд хоришро бартараф кунанд.

Агар фарзанди Шумо ба газидани занбӯри асал аксуламали шадиди аллергиявӣ зоҳир намояд, фавран ба ёрии таъҷилӣ занг занед (ба рақами 103 занг занед).

Ҳангоми дар кӯча нӯшидани нӯшокиҳои ширин эҳтиёт бошед. Қанд занбӯри асалро ба худ ҷалб мекунад ва онҳо метавонанд ба зарф нишаста, касеро, ки аз он менӯшад, газанд.

Газидани кайк
Нишонаҳо

Агар Шумо дар пойҳои худ ё фарзандонатон доғҳои сурхи хурди хоришнокро мушоҳида кунед, эҳтимол дар хонаатон Шумо кайк доред.

Пешгирӣ

Ҳайвоноти хонагӣ метавонанд дар бадани худ, махсусан дар фасли тобистон кайкро нигоҳ доранд. Барои муолиҷаи газидани кайк дорувориҳои махсус харидорӣ намоед.

Қолинҳо ва мебелро тоза кунед. Кайкҳо қобилияти якчанд моҳ дар қолинҳо ва мебел зиндагӣ карданро дошта метавонанд аз он ҷо ба либоси одамон ҷаҳида ворид шаванд. Агар Шумо ба хонаи нав/ҳуҷра кӯчида бошед ва соҳибони пешинаи хона ҳайвонҳои хонагӣ дошта бошанд, тавсия дода мешавад, ки қолинҳоро бо маводҳои зидди кайк коркард намоед.

Газидани хомӯшак
Нишонаҳо

Аксуламалҳои аллергӣ ба газидани хомӯшак метавонанд хеле фарқкунанда бошанд. Дар бадани баъзе кӯдакони дорои ҳассосияти баланд метавонад варами сурхи калони хоришнок пайдо шаванд. Агар хомӯшак рӯи кӯдакро газанд, дар ҷои газида варами шадид пайдо шуда метавонад.

Чӣ бояд кард?

Барои бартараф намудани хориш, мунтазам ба ҷои газидаи хомӯшак лосонҳои барои сӯхтагӣ аз офтоб ё маводҳои наангезадаи нармкунанда, ки бӯй надоранд, молед. Баъзан варамро бо истифода аз ях кам кардан мумкин аст.

Барои бартараф намудани хориши шадид, табиб метавонад малҳамҳои дорои маводҳои кортикостероидӣ ё малҳами антигистаминӣ таъин кунад.

Агар фарзанди Шумо дар ҷои газидаи хомӯшак варам ва хориши шадидро ҳис кунад, бароҳат хобида наметавонад. Ҳабҳои антигистаминӣ ё шарбати онҳо метавонанд хоришро бартараф намуда, баъзеи онҳо метавонанд барои бароҳат хобидани фарзандатон кӯмак расонанд. Аммо Шумо дар бораи мувофиқ будани дорувориҳо ба синну соли кӯдаки Шумо бояд бо табиби кӯдакона ё дорусози оилавии худ муроҷиат кунед.

Ба фарзандатон иҷозат надиҳед, ки ҷои газидаи хомӯшакро харошад, то сироят нашавад. Нохунҳояшро низ саривақт кӯтоҳ намоед.

Пешгирӣ

Ба болои кати хоби кӯдак овехтани тӯр осонтарин ва бехатартарин роҳи ҳифзи кӯдаки Шумо аз газидани хомӯшак мебошад. Ҳангоми бо кӯдак ба кӯча баромадан, либосҳои рангашон равшани остиндароз ва шими дароз пӯшонед.

Агар фарзанди Шумо аз яксола боло бошад, ба пӯсташ миқдори ками доруҳои зидди ҳашаротро молед. Дар таркиби намуди аз ҳама самараноки доруҳои мазкур ҷузъе бо номи DЭТА дохил мешавад. Доруҳои зидди ҳашарот, ки то 10% DЭТА доранд, барои кӯдакон мувофиқ мебошанд. Кӯшиш кунед, ки доруи зидди ҳашарот ба даҳон, чашм ва пӯсти зарардидаи кӯдак наафтад. Барои истифода бурдани маводҳои мазкур спрей не, балки аз аппликатори ҳубобчадорро истифода баред. Шумо инчунин метавонед доруи зидди ҳашаротро бевосита ба пӯстатон неву балки ба либосатон истифода молед. Дар назар дошта бошед, ки чунин маҳсулот метавонад матоъро доғдор карда сохти онро вайрон кунад, ва аз ин рӯ аввал онро дар ҷои ноаён санҷед.

Хомушакҳо метавонанд дар фасли тобистон фаъол гардида бештар онҳо шом ва шабона бештар зарар мерасонанд. Дар ин вақтҳо барои муҳофизат кардан аз онҳо чораҳои иловагӣ андешед.