Ғелондани аввалини ман

Маводи зарурӣ: Ҳатмӣ нест

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Оҳиста-оҳиста кӯдакон бо бадани худ беҳтар шинос мешаванд ва ба ҳамоҳангсозии ҳаракатҳое шурӯъ мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳанд, то ки ҷаҳони худро кашф кунанд. Ин фаъолият ба тифли шумо кӯмак мекунад, ки тавассути машқҳо дар муддати кӯтоҳтарин малакаи ғелонданро аз худ кунад. Дар аввал, ба шумо танҳо лозим аст, ки кӯдаки худро ба пушт ба ҷои мулоим, масалан кат гузоред. Як пои кӯдаки худро гирифта, ба болои пои дигараш гузоред. Бо пои дигар низ чунин машқро такрор кунед. Тақрибан се маротиба машқро такрор кунед ва дар дафъаи чорум пои дишарро гирифта, ба пои дигар гузоред ва дасти дуюматонро ба пушти кӯдак гузоред ва ба ӯ кӯмак кунед, то он даме, ки ба шикам худро гардонад.

Дар хотир доред, ки ҳама ҳаракатҳо бояд мулоим бошанд ва кӯдак бояд барои ин машқ кадан  гардани қавӣ дошта бошад. Кӯдаки худро ба пушт гузошта, машқро дар тарафи дигари бадан такрор кунед. Машқро бо бӯсаҳои зиёд ба анҷом диҳед. Бо кӯдаки худ сӯҳбат кунед, то таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб кунед. Ҳангоми иҷро кардани ин кор шумо метавонед қофияро такрор кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ба кӯдакатон кӯмак расонед, ки ҳаракатҳояш мустаҳкам ва ҳамоҳанг шаванд, худро аз пушт ба шикам гардонад, ки  пас аз чанд моҳ имконият медиҳад ки кӯдакатон ҳамоҳанг кардани ҳаракатҳои худро ёд гирад ва ҳаракат карда тавонад.