Гепатит С
Сабабҳои гепатити С
Гепатити С аз сабаби сирояти вирус пайдо мешавад. Тавассути хун вирус ба ҷигар ворид шуда дар он илтиҳоб ба вуҷуд меорад.
Гепатити С чӣ тавр паҳн мешавад
Гепатити С тавассути алоқа бо хуни шахсе, ки вирус дорад, паҳн мешавад.
Гепатити С дар кӯдакон хеле кам дида мешавад. Бештари вақт кӯдакон ба гепатити С аз модарон гирифтор мешаванд, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ё таваллуд ба кӯдакони худ вирусро интиқол медиҳанд. Инчунин хатари хеле ками гирифтор шудан ба гепатити С дар натиҷаи тамоси тасодуфӣ бо сӯзани истифодашуда аст.
Аломатҳои гепатити С
Аксарияти кӯдаконе, ки ба гепатити С мубтало шудаанд, ҳеҷ гуна аломатҳо надоранд. Кӯдакони калонтар ва наврасон метавонанд аломатҳои сабук ба монанди хастагӣ, набудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва дард дар кунҷи рости болоии шикам, ки ҷигар ҷойгир аст, эҳсос кунанд. Дар ҳолатҳои хеле кам, гепатити С метавонад дар кӯдакон шакли вазнин дошта бошад.
Оё дар ҳолати шубҳа доштан ба гепатити С дар кӯдак ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кардан лозим аст?
Шумо бояд фарзанди худро ба назди табиби оилавӣ/педиатр баред, агар:
- пӯст ё чашмони кӯдаки Шумо ранги зард мешавад - ин зардпарвин номида мешавад.
- фарзанди Шумо пешоби қаҳваранги торик дорад.
- фарзанди Шумо дарди шикам дорад, ки чанд рӯз рафъ намешавад.
- фарзанди Шумо бо сӯзани истифодашуда тамос гирифтааст.
Шумо инчунин бояд ба духтур муроҷиат кунед, агар фикр кунед, ки Шумо ҳангоми ҳомиладорӣ ба гепатити С сироят шудаед.
Таҳлилҳо ба гепатити С
Агар духтури оилавӣ/педиатри Шумо гумон кунад, ки аломатҳо дар кӯдаки Шумо аз сабаби гепатити С ба вуҷуд омадаанд ё фарзанди Шумо эҳтимол ба ин беморӣ сироят шудааст, ӯ барои тасдиқи ташхис таҳлилҳои хунро таъин мекунад.
Табобати гепатити С
Баъзе кӯдакони гирифтори гепатити С сироятро бидуни ниёз ба табобат аз сар мегузаронанд. Ин метавонад ҳафтаҳо ё ҳатто моҳҳоро дар бар гирад. Аммо дар аксари кӯдакони гирифтори гепатити С беморӣ ба шакли музмини гепатити С мегузарад. Ин дар онҳо хатари пайдоиши захми ҷигар, зафъи ҷигар (сирроз) ва саратони ҷигарро дар синни калонтар зиёд мекунад.
Айни замони барои табобати гепатити музмини С дар калонсолон доруҳои самаранок ва бехатари зиддивирусӣ мавҷуданд. Ин доруҳо метавонанд сироятро дар аксари одамон табобат кунанд. Мутахассисони соҳаи тиб метавонанд онҳоро барои баъзе кӯдакони синнашон калонтар таъин намоянд.
Пешгирии гепатити С
Ваксинаи зидди гепатити С вуҷуд надорад.
Агар Шумо ба гепатити С гирифтор бошед ва ҳомиладор шуданро ба нақша гирифта бошед, Шумо бояд имконоти табобати худро бо духтур муҳокима кунед. Занони гирифтори гепатити С ба шарте, ки пистонҳояшон накафида ё хун таровида нашавад, метавонанд бе хавотир синамаконӣ кунанд.
Ба кӯдак ёд диҳед, ки чӯткаҳои дандоншӯӣ, риштарошак ё дигар ашёеро, ки ба одамони гирифтори гепатити С тааллуқ доранд, истифода набарад, зеро ин ашёҳо метавонанд сироятолуда бошанд.