Гиҷҷа
Гиҷҷа дар кӯдакон
Кирмҳои гиҷҷа (ё танҳо "кирмак") - як намуди паразитҳо мебошанд.
Кирмҳои гиҷҷа ё нематодҳо аз ҳама паҳншудатарин намуди гиҷҷа дар кӯдакон мебошанд. Онҳо ба кӯдаки Шумо зарар намерасонанд ва аз бадан хориҷ кардани онҳо осон аст. Дар хотир доштан зарур аст, ки онҳо аз як шахс ба шахси дигар хеле осон мегузаранд.
Кӯдакон метавонанд дар мавриди тасодуфан афтидани тухми гиҷҷа ба дастонашон ва баъдан ҳангоми онҳоро фурӯ бурдан, сироят ёбанд. Ин метавонад дар ҳолате рӯй диҳад, ки агар кӯдакон бо шахсони гирифтори сирояти гиҷҷа (кирмҳо) ё бо чанг, бозичаҳо ё рахти хоби бо гиҷҷа олуда, тамос дошта бошанд.
Пас аз фурӯ бурдан, тухмҳо ба рӯдаи борики кӯдак мераванд ва дар он ҷо аз тухм баромада дар атрофи мақъад тухмҳои нав мегузоранд. Ин метавонад боиси хориши шадид дар минтақаи мақъади кӯдакон гардад. Баъзан дар духтарон кирмҳо ба маҳбал даромада, дар он ҷо низ хоришро ба вуҷуд меоранд. Агар кӯдак мақъади худро хорида, сипас дасташро ба даҳонаш гузорад, вай метавонад тухмҳоро дубора фурӯ барад, ки ин ба такрорёбии давраи сироятшавӣ оварда мерасонад.
Агар кӯдакон дар хона бо дастони ношуста ба ашёҳо даст расонанд, тухми гиҷҷа метавонад ба аъзоёни дигари оила гузарад.
Гиҷҷа дар кӯдакон: нишона ва аломатҳо
Дар аксар мавридҳо сироятшавӣ бо кирмҳо ба пайдоиши ягон аломатҳои назаррас намеорад. Аммо дар баъзе кӯдакон метавонад чунин аломатҳо ҷой дошта бошанд:
- хориш дар минтақаи мақъад ва/ё маҳбал, ки одатан шабона шадидтар мешавад
- сурхшавии минтақаи мақъад
- бетоқатӣ
Дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида карда мешаванд:
- кирмакҳо ба назар мерасанд - кирмчаҳои хурди сафеди дарозиашон 8-13 мм (аксар вақт бо пораҳои коғази ҳоҷатхона иштибоҳ мекунанд!)
- дарди шикам
- вулвовагинит
- дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ
Оё дар ҳолати ҷой доштани гиҷҷа кӯдакро ба табиби оилавӣ/педиатр нишон додан лозим аст?
Агар дар фарзанди Шумо ягон аломат ва нишонаҳои гиҷҷа ҷой дошта бошанд, ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед.
Таҳлилҳои лабораторӣ барои санҷиши гиҷҷа дар кӯдакон
Дар бисёр ҳолатҳо, тавсифи шифоҳӣ метавонад барои ташхиси сироятшавӣ бо гиҷҷа кифоя бошад, аммо озмоишгар (лаборант) метавонад барои санҷидани мавҷудияти тухми гиҷҷа ё худи гиҷҷа бо ёрии тасмаи махсуси часпак санҷиш гузаронад ё обшӯй (соскоб) гирад.
Таҳлил бо истифода аз тасмаи махсуси часпак ба таври зайл гузаронида мешавад: субҳи барвақт, пеш аз шустушӯй, ба мақъади кӯдак тасмачаи махсус часпонида мешавад ва сипас онро канда, ба лавҳачаи шишагӣ мегузоранд. Вақте ки озмоишгар дар зери микроскоп ба шишача нигоҳ мекунад, дар он гиҷҷа ё тухмҳои гиҷҷаро мебинад.
Табобати гиҷҷа дар кӯдакон
Кирмҳои гиҷҷа дар кӯдакон ба осонӣ хориҷ мешаванд ва одатан онҳо хатари ҷиддӣ надоранд.
Духтури оилавӣ/педиатр ба Шумо эҳтимол тавсия медиҳад, ки ба фарзандатон як миқдор доруҳои зиддипаразитиро истифода баред, ки онҳоро аз дорухонаҳо бе дорухат дастрас кардан мумкин аст. Одатан лозим аст, ки истифодабарии доруро пас аз ду ҳафта такрор кунед, то боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи кирмҳо нест шудаанд.
Агар дар кӯдаки Шумо кирми гиҷҷа муайян карда шавад, инчунин тавсия дода мешавад, ки ҳамаи аъзоёни оилаи Шумо бо истифода аз доруҳои зиддипаразитӣ табобат карда шаванд. Ин дар байни аъзоёни оила паҳншавии кирмҳоро бозмедорад.
Дар хотир доред, ки тухмҳо ба осонӣ паҳн мешаванд ва бинобар ҳамин, аксар вақт сироятёбии такрорӣ метавонад рӯй диҳад.
Пешгирии гиҷҷа дар кӯдакон
Якчанд усулҳо барои пешгирии паҳншавии гиҷҷа мавҷуданд:
- Пас аз ба ҳоҷатхона рафтан ва пеш аз хӯрок хӯрдан ё омода кардани хӯрок дастҳои худро бодиққат шӯед.
- Нохунҳои худро мунтазам кӯтоҳ кунед ва ифлосиҳои зери онро тоза кунед.
- Ба фарзандатон таълим диҳед, ки мақъади худро хорида ангуштонашро намакад.
- Агар яке аз аъзоёни оила гиҷҷа дошта бошад, ҳамаи аъзоёни оила бояд бо истифода аз доруҳои зиддипаразитӣ табобат карда шаванд.
- Агар Шумо ё фарзанди Шумо гиҷҷа дошта бошед, пас аз табобат мунтазам либос ва рахти хобро дар оби гарм (60°С ва бештар аз он) ва маводи шустушӯӣ ҳар рӯз шӯед.
- Нишастгоҳи ҳоҷатхона ва тубакчаи кӯдаконро мунтазам тоза карда бодиққат шӯед.
- Аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки ҳар рӯз ҳаммом кунад ё оббозӣ.