Гигиенаи узвҳои таносули кӯдакон
Гигиенаи узвҳои таносули кӯдакон
Тоза будани узвҳои таносули кӯдаки Шумо муҳим аст. Он барои пешгирии бемориҳои сиёратӣ ва нигоҳ доштани саломатии фарзандатон кӯмак мекунад.
Барои тоза намудани узвҳои таносули фарзандатон Шумо метавонед аз оби ширгарм ва лавозимоти пахтагӣ истифода баред. Ҳама вақт истифода бурдани собун зарур нест. Агар Шумо собунро истифода баред ҳам, кӯшиш кунед, ки он нафис бошаду дар таркибаш маҳлули нармкунанда дошта бошад. Инчунин, кӯшиш кунед онро камтар истифода баред. Боварӣ ҳосил намоед, ки собун аз бадани кӯдак пурра шуста шудааст.
Шумо метавонед узвҳои таносули кӯдакатонро ҳангоми иваз намудани уребча (памперс) ё ҳангоми оббозӣ тоза намоед.
Истифодаи талқро барои бадани кӯдакатон, аз он ҷумла барои узвҳои таносули ӯ истифода набаред. Хокаи талқ заррачаҳои хурд дорад, ки кӯдак метавонад онро нафас кашад.
Тоза намудани узви таносули писарчаатон
Агар ба фарзанди Шумо амалиёти хатна карда бошанд
Агар ба фарзанди Шумо амалиёти хатна карда шуда бошанд, оҳиста узви таносул ва хоядони фарзандатонро бо оби ширгарм бо маводи пахтагӣ шуед. Узвҳои таносул ва хоядони кӯдакро бо дастурӯпокунаки мулом қоқ кунед.
Барои он, ки узви таносули кӯдаки Шумо ба уребча начаспад, тавсия дода мешавад, ки қисмати пеши даруни уребчаро бо вазелин, ва ё ягон маводи ба он монанд молед.
Агар ба кӯдаки Шумо амалиёти хатна накарда бошанд
Агар ба фарзанди Шумо амалиёти хатна накарда набошанд, Шумо бояд танҳо қисми берунии уребчаро тоза намоед. Агар пуст осон ба қафо тела шавад Шумо метавонед, қисми болоиро аз дарунаш тоза намоед. Одатан он дар синни 2-3 солагӣ ба қафо осон тела мешавад, вале баъзан метавонад ҳангоми ба балоғат расидан ба амал ояд.
Ҷамъ шудани моддаи сафеди ширадор (бо номи смегма) дар пӯсти канорӣ ин ҳолати муқаррарист. Он аз хуҷайраҳои пӯсти мурда ва ихроҷи табиӣ иборат аст.
Тоза намудани узвҳои таносули духтарчаатон
Крем барои уребча, арақ кардан ва дигар маводҳо метавонад дар дарун ва гирди узвҳои таносул ҷамъ шаванд. Дар умум ба Шумо лозим меояд, ки танҳо узвҳои таносулро барои аз байн бурдани пайҳои наҷосат тоза намоед.
Барои он, ки узвҳои таносули духтарчаатонро тоза намоед, маводи пахтагиро тар намуда, пойҳои духтарчаатонро кушода байни узвҳои таносулро бо маводи пахтагӣ тоза намоед. Эҳтиёткорона ба самти аз боло ба поён тоза намоед. Оҳиста самти узви таносули духтарчаатонро бо сачоқ нарм намоед.
Дезодоранти таносулиро ва тамизкуниро истифода набаред. Онҳо метавонанд тавозуни кимиёвии табии маҳбали фарзанди Шуморо вайрон кунанд ва хатари сироятро зиед кунанд.
Шумо метавонед ихроҷеро, ки ба сафедии тухм шабоҳат дорад, дар узвҳои таносули духтарчаатон пай баред. Ин ҳолати муқаррарист ва Шумо метавонед онро нагиред. Агар Шумо ба ихроҷҳои дигаре шубҳа дошта бошед,ба табиб ва ё ҳамшираи тиббӣ муроҷиат намоед.
Дар духтарчаҳои навзод дар ҳафтаи аввали ҳаёташон одатан каме ихроҷи хунолуд аз маҳбалаш ба назар мерасад. Ин аксуламали муқаррарӣ ва гармонҳои модар мебошад, бинобар ин хавотир нашавед. Аммо агар ихроҷ идома ёбад, Шумо бояд ба табиб муроҷиат намоед. (Дар қонун навиштаги “табиб”, барои хамин мо калимаи табибро истифода мебарем).