Ғингоси занбӯр

Маводҳои зарурӣ: Кӯрпаи калон ва сатҳи мулоим.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Барои фарзанди Шумо ҳамаи чиз мутлақан нав мебошад ва ӯ бояд оҳиста-оҳиста ҳиссиёти худро инкишоф диҳад, то ин ки муҳити атрофи худро шиносад. Бо кӯмаки ин бозӣ фарзанди Шумо муайян намудани оне, ки овоз аз куҷо баромада истодааст ва инчунин он ҳиссиёти расидани чизеро ба баданаш меомузад.

Бо ёрии ин бозӣ, фарзанди шумо мефаҳмад, ки садоҳо аз куҷо пайдо мешаванд ва чӣ тавр ба қисмҳои гуногуни бадани худ ламс кардан лозим аст.

Пеш аз оғози бозӣ Шумо бояд ҷойи онро омода намоед. Аввал кӯдакро ба тахтапушташ ба кӯрпа ё ҷойи мулоим гузоред ва худ наздик шинед, ки вай Шуморо шунида тавонад.

Дуюм ангуштатонро ба бадани кӯдак гузошта, ғингоси занбӯрро тақлид намоед. Шумо бояд боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдак таваҷҷуҳ намуда истодааст. Баъд аз якчанд сония баъд аз тақлид намудани ғингоси занбӯр ба кӯдак бо ангуштатон расида гӯед: “Бзз” Бозиро такрор намоед, тариқи фуруд овардан ба қисмҳои гуногуни бадани ӯ.

Баъдан бозиро такрор намоед, ин дафъа аз пайи ҳаракати ангуштро бо саратон пайгирӣ кунед. Ҳамин тавр  фарзанди Шумо садоро пайдо мекунад ва онро бо ҳаракат пайват мекунад. Шумо инчунин метавонед оҳанги ғингсоро иваз карда, таваҷӯҳро нигоҳ доред ва дарки овозҳои гуногунро инкишоф диҳед.

Дар охир, кӯдакро дар шикам гузошта бозиро такрор намоед. Ин дафъа кӯдак ҳаракати ангуштатонро намебинад ва ӯ бояд интизор шавад, то ин ки “ғингос” то бадани вай расад.

Имову ишораи орому ботабассумро намоиш додан аз хотир набароред, он ба фарзанди Шумо таъсири мусбӣ мебахшад. Фарзанди Шумо хело ҳасос мебошад, бинобар ин Шумо бояд доимо ӯро эҳтиёткорона расед, ва овозе, ки Шумо садо менамоед, бояд аз ҳад зиёд баланд набошад. Агар Шумо пай баред, ки фарзандатон тарсидааст, оҳиста  ва бо овози паст бозиро оғоз намоед, баъдан овоз ва ҳамкориро зиёдтар намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии шавқовар ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки сар ва гарданашро беҳтар идора карда тавонад ва шунавоияшро ба воситаи дарёфти овозҳо ва шинохтани ҳиссиёти расидани чизе ба баданаш инкишоф диҳад. Тавассути ин фаъолиятҳо худсолон ба рушди малакаҳои рушди иҷтимоӣ шурӯъ мекунанд.