Ғизои мувофиқ аз 6 моҳагӣ

Тақрибан аз 6 моҳагӣ, фарзанди Шумо барои афзоиш ва рушди солим ба ғайр аз шири сина ба дигар хӯрокҳо (хӯрокҳои иловагӣ) ниёз дорад. Шири модар ҳоло ҳам қисми муҳими вояи хӯроки фарзанди шумост.
Body

Ғизои мувофиқ аз 6 моҳагӣ

Тақрибан аз 6 моҳагӣ, фарзанди Шумо барои афзоиш ва рушди солим ба ғайр аз шири сина ба дигар хӯрокҳо (хӯрокҳои иловагӣ) ниёз дорад. Маҳсулоти кӯдаконаи тиҷоратӣ дорои компонентҳое мебошанд, ки метавонанд барои кӯдак зараровар бошанд, аз ҷумла равғанҳои зиёдатӣ, намак, шакар ва консервантҳо, ва мувофиқати он аз маҳсулоти табиӣ ва маҳаллӣ фарқ мекунад. Муҳим аст, ки фарзанди шумо ба хӯрокҳои табиӣ одат кунад.

Ҳоло ҳам бо талаби кӯдак идома додани синамаконӣ ҳам дар шабу ҳам дар рӯз муҳим аст.

Шири модар ҳоло ҳам қисми муҳими вояи хӯроки фарзанди шумост. Ҳеҷ зарурат ба додани ғизои кӯдакона  нест (ки он махсусан барои кӯдакони калонтар аз 6 моҳа пешбинӣ шудааст), зеро шири сина ҳама маводи ғизоии ба кӯдакатон заруриро медиҳад. Пеш аз додани хӯрокҳои иловагӣ синамакониро фаромӯш накунед.

Ҳангоми ворид намудани хӯрокҳои иловагӣ, якчанд лаҳзаи муҳимро дар хотир доштан лозим аст:

  1. Даврият: Ба кӯдак бо ғизоҳои иловагиро 2 маротиба дар як рӯз хӯронед.
  2. Миқдор: Дар ҳар як  хӯрокдиҳӣ аз 2 то 3 қошуқӣ диҳед.
  3. Таркиб: бояд ба қадри кофӣ ғафс бошад, то ба осонӣ хӯронад.
  4. Гуногунрангӣ:
  • Аз истеъмоли як хӯрок оғоз намоед, додани онро дар давоми 3 рӯз идома диҳед. Аҳамият диҳед, ки кӯдак ба ҳар як хӯрок чӣ гуна аксуамал дорад. Дар як вақт ворид намудани якчанд хӯрок тавсия дода намешавад, чунки дар ҳолати аксуамали аллергикиӣ  фаҳмида намешавад, ки кадом маҳсулот сабаби аллергия шудааст.
  • Шакар ё намакро ба ғизо илова накунед.
  • Ба кӯдак  кулчақанд  ва дигар хӯрокҳои ширин надиҳед.
  • Аз маҳсулоти асосӣ, ба монанди шавлаи ғалфс, ки аз биринҷ, марҷумак ё хӯшаи ҷави русӣ тайёр шудааст, оғоз намоед.
  • Тавсия дода мешавад,ки аввал аз пюреи сабзавотӣ бо истифодаи маҳсулотҳои ба монанди каду, сабзӣ, картошка, исфаноҷ оғоз намоед.
  • Баъдтар меваҳоро (банан), беҳтар мешуд агар меваҳои маҳаллии дастрасро ворид намоед.
  • Шумо метавонед ба авокаи (каша)  ғафс тухм, мева, кабудии баргӣ, гӯшт ё маҳсулоти ширӣ илова кунед. 

5. Ғизодиҳии фаъол: Ба кӯдак шояд вақт талаб карда шавад, то ин ки ба ғизо, ғайр аз шири модар одат кунад. Сабр кунед ва барои истеъмоли хӯрок фаъолона фарзандатонро ташфиқ намоед. Кӯдакро маҷбур накунед, ки хӯрок бихӯрад. Барои фарзандатон як табақчаи алоҳида истифода баред, то боварӣ ҳосил кунед, ки вай тамоми хӯроки барои ӯ пешбинишударо хӯрадааст.

6. Гигиена: Риояи гигиена (тозагӣ) барои пешгирии дарунравӣ ва дигар бемориҳо хеле муҳим аст. Барои ба фарзандатон ғизо ё моеъ додан қошуқ ё пиёлаи тозаро истифода баред. Ғизоеро, ки ба фарзандатон медиҳад, дар ҷои бехатар ва гигиенӣ нигоҳ доред. Пеш аз тайёр кардани хӯрок ё таъом додани кӯдак дастҳоятонро бо собун шӯед. Пеш аз хӯрок хӯрдан дасти фарзандатонро бишӯед. Пас аз ҳоҷатхона ва пас аз тоза кардан ё шустани кӯдаки худ дастҳои худро бо собун шӯед.

Ғизоҳое, ки дар соли аввали ҳаёт тавсия дода намешаванд:

  • Ба кӯдак дар соли якуми ҳаёт асал надиҳед.  
  • Шири гов (ва инчунин буз) барои кӯдакон дар соли аввали ҳаёт тавсия дода намешавад, зеро таркиби он ба талаботи тифлон ҷавобгӯ нест ва метавонад ба камхунӣ ва аллергия мусоидат намояд. Барои тайёр кардани шӯла (каша) шумо метавонед як миқдори ками шири говро (бо оби ҷӯшида 1: 1 гудохта) истифода баред. 
  • Дилхоҳ намуди чормағз ва тухмӣ;
  • Ба кӯдак дар соли аввали ҳаёт меваҳои ситрусӣ надиҳед (лимон, апелсин, мандарин).  
  • Шакар, намак, ҳанут илова накунед;
  • Ба кӯдак чой (сиёҳ, кабуд, гиёҳӣ) надиҳед.
  • Аз истифодаи нӯшокиҳо, кулчақандҳои ширин худдорӣ намоед/маҳсулотҳои қаннодӣ, ғизои бирёнӣ ва тезтаёр (фаст фуд).

Ғизодиҳӣ тибқи талаботи кӯдак

Тавсия дода мешавад, ки ғизои сахтро вақте ба фарзандатон пешниҳод кунед, ки ҳардуятон дар руҳияи хуб ва ором қарор доред. Кӯдак метавонад муддати дароз ба ғизои нав (хӯроки иловагӣ) одат кунад. Сабр кунед ва фарзанди худро ба хӯрдан фаъолона ташвиқ кунед, аммо ӯро маҷбур накунед. Барои фарзанди Шумо барои омӯхтани малакаҳои нав вақт ва сабр лозим аст.

Аз пайи фарзандатон мушоҳида намоед ва ба ишорати ӯ таваҷҷуҳ кунед. Кӯдаки худро оҳиста ва босаброна вобаста ба ритмаш ғизо диҳед. Барои ташвиқи фарзандатон ба хӯрдан омезиши гуногуни хӯрокҳо, маззаҳо ва таркибро санҷед. Пеш аз пешниҳоди хӯроки навбатӣ мунтазир шавед, ки кӯдак хӯроки дар даҳон доштаашро хӯрда шавад. Вақте ки ӯ нишон медиҳад, ки сер аст, таъом доданро бас кунед.

Нишонаҳое, ки тавассути он кӯдак гурусна буданашро нишон медиҳад: вақте мебинад, ки хӯрок тайёр аст, хавотир мешавад, дар курсии таъом ба шумо хам шуда, даҳонашро мекушояд.

Аломатҳое, ки тавассути он кӯдак сер будани худро нишон медиҳад: ӯ оҳиста мехӯрад, хӯрокро аз худ дур мекунад, даҳон кушодан намехоҳад, сар меҷунбонад.