Ғизои мувофиқ дар давоми 6 моҳи аввал

“Шири модар - ягона ғизо ва нӯшокие, мебошанд, ки барои фарзанди Шумо дар шаш моҳи аввали ҳаёташ зарур аст. Созмони умумиҷахонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ то 6 моҳагӣ ба таври истисноӣ синамакониро тавсия медиҳанд ва то 2 солагӣ идома додани синамакониро бо илова намудани ғизои мувофиқ ва бехатар аз 6 моҳагӣ тавсия медиҳанд”.
Body

Шири модар – ин моеъи серғизои маҷмуавие, мебошад, ки чарбу, сафедаҳо, шакар, витаминҳо, маъданҳо, антитело, гормон, ферментҳо, об ва дигар ҷузъҳоро дар ҳамоҳангсозӣ ва андозаи аниқ барои таъмини дурусти инкишоф ва камолоти кӯдакро дорост. Шири модар антитело дорад, ки ки он тифлро аз бисер сироятҳо эмин нигоҳ медорад. Бартарияти синнамаконӣ дар синни бармаҳал зоҳир ёфта, дар давоми тамоми ҳаёт нигоҳ дошта мешавад.

Шири модар ҳамеша дастрас, бехатар, дорои ҳарорати мувофиқ  буда, хароҷоти моддиро талаб намекунад. Он ба таври олӣ ба талаботи фарзанди Шумо мовофиқ карда шудааст. Таркиби шир вобаста аз вақти шабонарӯзӣ, давомнокӣ ва давраи хӯрокдиҳӣ иваз шуда, тамоми талаботи фарзандатонро барои қабули ғизо қонеъ мекунад.

Синнамаконӣ ба инкишофи малакаҳои психомотрикии фарзанди Шумо мусоидат мекунад. Бо таҷрибакунии синамаконӣ Шумо давраи барқароршавии баъд аз таваллудӣ ва хатари пайдошавии баъзе бемориҳоро дар оянда паст месозад. Синнамаконӣ – ин бештар аз ғизохӯрӣ  аст. Ҳангоми синнамаконӣ байни модар ва кӯдак алоқаи мустаҳками равонӣ-эҳсосотӣ пайдо мешавад ва ба таври беназир талаботи кӯдакро ба муҳаббат, гармӣ ва амният қонеъ мекунад.

Хатари додани ғизои иловагии нолозим

Аз аввал ба кӯдак андозаи ночизи шир талаб карда мешавад. Вақте, ки ӯ калон мешавад, талабот ба шир зиед шудан мегирад. Зуд-зуд додани сина, коркарди ширро бермеангезад, ҳамин тавр миқдори зарурии ширро таъмин менамояд. Додани ғизои иловагии нолозим метавонад ба он оварда расонад, ки кӯдак бинобар ҳисси аз ҳад сершавӣ дигар макидан нахоҳад, ки он ба камшавии андозаи шир ё сахтшавӣ ва дарднокии ғадуди сина оварда мерасонад. Агар ғизои иловагиро бо мақсади оромшавии кӯдак истифода баред, ин метавонад эътимоди Шуморо вобаста ба синамаконии мувафақонаи фарзандатон суст намояд.

Чӣ тавр бояд фаҳмид, ки шири Шумо барои фарзандатон кофист?

Кӯдак бешубҳа шири кофӣ мегирад, агар: 

- синаро на камтар аз 8-12 маротиба дар як шабонарӯз макад;

- мунтазам, бо таваққуфҳои хурд мемакад, ҳаракати манаҳ маълум аст, фурӯбарӣ шунида мешавад;

- 6 маротиба дар як шабонарӯз пешоб мекунад, пешоб равшан аст;

- қазои ҳоҷат одатан 3-6 маротиба дар як шабонарӯз аст;

- дар давоми 4 моҳи аввал кӯдак ба ҳисоби миёна 150-250 грамм дар як ҳафта вазн мегирад;

- дар фосилаи байни синамаконӣ ӯ фаъол ва серҳаракат аст.

Афзоиши вазн

Дар рӯзҳои аввали пас аз таваллуд, кӯдак метавонад ба ҳисоби миёна 7-10 % вазни баданро гум кунад – ин ҳолати муқаррарӣ мебошад. Баъд аз танзими ширдиҳӣ ва дар баробари синамаконии дуруст, кӯдак ба ҳисоби миёна 25-30 грамм дар як рӯз вазн мегирад. Навзодон одатан ба вазне, ки ҳангоми таваллудшавӣ доштанд, пас аз 10-15 рӯзи ҳаёташон бармегарданд. Ҳангоми инкишофи хуб кӯдакон одатан 600 г дар як моҳ вазн мегиранд. Албатта баъзе кӯдакон метавонанд аз ин ҳам зиёдтар вазн гиранд, лекин агар кӯдак танҳо шири синаро истеъмол кунад дар бораи зуд афзоиш ёфтани вазни кӯдак  хавотир нашавед.

Ғизои муқаррарии кӯдаки бемор

Ҳамаи навзодонро бо шири модар ғизо додан мумкин аст. Истисно ҳолатҳои хеле ками ихтилоли мубодилаи модарзодӣ мебошад. Баъзе кӯдакон, масалан кӯдакони норасид ё кӯдаконе, ки дар вентилятсияи сунъии шуш қарор доранд, сина макида наметавонанд. Кӯдаконе, ки лаби чок, иллати модарзодии дил, бемориҳо неврологӣ ё генетикӣ, ба монанди синдром Дауна доранд, метавонанд бо макидан душворӣ дошта бошанд. Дар ин ҳолатҳо кӯдакро бо шири сина бо тарзи ба ӯ қуллай вобаста аз ҳолаташ хӯрондан мумкин аст, то он даме, ки ӯ мустақилона сина макида натавонад.

Тамоси наздик ва синнамаконии холиси бармаҳал дар давоми 6 моҳи аввал барои кӯдак инкишоф ва рушди муқаррариро таъмин менамояд. Шири модар - ғизои аввалини солими фарзанди Шумо мебошад, ки барои нигоҳдории саломатӣ, инкишоф ва камолоташ кофӣ мебошад.