Гуфтугӯ бо оина
Маводҳои зарурӣ: Оина
Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Ба кӯдак пешниҳод намоед, ки ба оина нигарад. Якҷоя дар назди оина истед. Аз салом додан ва такрори садоҳо ба фарзандатон оғоз намоед.
Аз баровардани садоҳои гуногуни ханда, ҳайвонот ва ашёҳо оғоз кунад. Ҷавоби кӯдакро мунтазир шавед. Дар аввал ӯ ҳайрон хоҳад шуд, аммо пас аз такрор намудан, фарзандатон ҳам овоз бароварданро сар мекунад.
Овозҳое, ки кӯдаки шумо мебарорад, такрор кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияти оддӣ ба фарзанди Шумо имкон медиҳад, ки худро бо забон шиносад ва баён намояд ва баъдан онро дар одамони дигар низ шиносад.