Гулҳои хушккардашуда

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Cачоқҳои қоғазӣ, картони борик, китобҳои вазнин ё дастаи гул.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои пахшкардани гулҳо, Шумо бояд якчанд амалҳоро иҷро намоед:

  1. Аз кӯча гулҳои тару тозаеро, ки ба Шумо бештар маъқул аст, ҷамъоварӣ намоед - боварӣ ҳосил кунед, ки барои занбӯри асал ва шабпаракҳо низ чизе боқӣ мондааст! Пахшкардани гулҳо пеш аз ҳама барои нест кардани намӣ аст, бинобар ин гулҳои хушк мувофиқтар мебошанд.
  2. Гулҳоро дар рӯи чанд сачоқи коғазӣ тавре ҷойгир кунед, ки Шумо мехоҳед, ки онҳо пас аз пахш кардан ба назар тобанд. Дар боло боз якчанд сачоқҳои коғазӣ гузоред. Акнун ҳамаашро дар байни ду пораи тунуки картон гузоред, картони оддиро аз қуттиҳои кӯҳна истифода бурдан мумкин аст.
  3. Онро бо китоби вазнин пахш кунед. Пас аз чанд рӯз, санҷед, ки гулҳо чи шакл пайдо кардаанд. Оё онҳо пажмурда шудаанд ё ранги худро нигоҳ доштаанд? Бо рангҳои гуногун озмоиш кунед. Агар гулҳо қаҳваранг шуда бошанд, эҳтимол барои ин бозӣ мувофиқ набошанд!

Гулҳои нисбатан хурдтар, аз ҷумла бобуна ва бунафша, нисбат ба гулҳои калонтар, аз ҷумла садбарг ё мехчагул осонтар пахшкарда мешаванд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Пахшкардани гулҳо - усули беҳтарини ворид намудани зебоии муҳити атроф ба хона буда, он барои ҳама синну сол мувофиқ аст ва танҳо чанд ашёи оддии рӯзгорро талаб мекунад. Гулҳои пахшкардашуда дар қоғази табрикотии худсохт олӣ ба назар мерасанд ва ин як роҳи хуби эҷодӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдакон ба табиат мебошанд.