Гӯшҳои афсунгарона
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Шақшақаҳо, зангӯлачаҳо ва мусиқӣ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдаки худро бо рӯяш ба рӯи сатҳи ҳамвор гузоред ва бо навбат бо бозичаҳое, ки садо мебароранд бозӣ кунед. Бозичаҳоро аз тарафи рости кӯдак ҷунбонед, ки ҳангоми гардиш ӯ бозичаро дида тавонад – ин ӯро водор месозад, ки ба самте, ки садоро мешунавад, тоб хурад.
Яке аз бозичаҳоро аз тарафи рост ва баъдан а тарафи чапи кӯдак ҷунбонед. Ин ӯро водор мекунад, ки ба самте, ки садо аз он шунида мешавад, тоб хурад.
Ин машғулиятро дар давоми якчанд дақиқа бо суханони мехрубонона иҷро кунед. Шумо метавонед дастони кӯдакро гирифта ба ӯ дар кафкӯбӣ кӯмак кунед. Ҳамин тариқ, кӯдаки Шумо метавонад садоеро, ки худи ӯ бо ҳаракатҳояш мебарорад, бишнавад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Мақсади ин машғулият – ангезиши рушди шунавоӣ бо ёрии садоҳо мебошад.