Идоракунии рафтори кӯдак: беэътиноии банақшагирифташуда

Беэътиноии банақшагирифташуда – надодани эътибор ба фарзанд, агар ӯ рафтори нодуруст кунад. Ин метавонад як воситаи муфид барои идоракунии рафтори кӯдак бошад. Бо вуҷуди ин, агар шумо аз рафтори фарзандатон хашмгин ё ноумед бошед, он набояд истифода шавад. Беэътиноии банақшагирифташударо дар муносибатҳои боэътимоде, ки дар асоси муҳаббат барпо шудаанд, самаранок истифода бурдан мумкин аст. Ғайр аз он, ягон усули ҳаматарафа вуҷуд надорад, ки ба хуб рафтор кардани кӯдакон кӯмак кунад – ҳар як кӯдак беназир аст ва бо суръати худ инкишоф меёбад.
Body
Беэътиноии ба нақша гирифташуда чӣ маъно дорад?

Беэътиноии ба нақша гирифташуда яке аз усулҳое мебошад, ки тавассути он рафтори кӯдакро идора кардан мумкин аст. Бояд дар хотир дошт, ки ягон усули универсалӣ ё афсунгарӣ барои идора кардани рафтор вуҷуд надорад, зеро ҳар як кӯдак инфиродист. Муҳимтар аз ҳама, истифодаи ин усул ҳангоми вуҷуд доштани муносибатҳои пурмеҳру муҳаббати байни кӯдак ва калонсол самараноктар аст. Акнун биёед ин усулро дида бароем!

Беэътиноии банақшагирифташуда – ин ҳолатест, ки агар кӯдак рафтори ношоиста кунад, калонсол ба кӯдак эътибор намедиҳад.

Масалан, агар дар вақти хӯроки шоми оилавӣ фарзанди шумо дар курсии худ ҷаҳида шинад, шумо метавонед бо ӯ сӯҳбат накунед ва то қатъ шудани ин кораш ба ӯ нигоҳ накунед. Вақте ки ӯ бозмеистад шумо метавонед гӯед: «Вақте ки ту ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар курсии худ оромона мешинӣ ба ман маъқул аст. Биё ба мо гӯй, ки имрӯз дар боғча чӣ кор кардаӣ?».

Муҳим он, ки ҳангоми рафтори хуб ба кӯдак диққати бештар додан ва ҳангоми рафтори бад ба кӯдак тамоман эътибор надодан лозим аст.

Чаро беэътиноии ба нақша гирифташуда кор меояд?

Беэътиноии ба нақша гирифташуда ба рафтори кӯдак хуб таъсир мерасонад, агар шумо бо ӯ муносибати гарму боэътимод дошта бошед ва таваҷҷӯҳи шумо барои ӯ мукофоти бузург аст.

Агар фарзанди шумо ба таври муайян рафтор кунад ва диққати шуморо ҷалб намояд, эҳтимол ӯ такрор ба такрор чунин рафтор мекунад. Аммо агар шумо рафтори ӯро нодида гиред, эҳтимоли такрор шудани он коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамин тавр, таваҷҷӯҳ ба рафтори хуби кӯдак одатан боиси зуд-зуд зоҳир шудани он дар оянда мегардад, дар ҳоле ки эътибор надодан ба рафтори бад боиси камшавии басомади он мегардад.

Дар фаҳмиши фарзанди шумо, вокуниши волидайн ба рафтори бад беҳтар аз бетаваҷҷӯҳӣ аст, аз ин рӯ ҳатто танқид ё сарзаниш аз ҷониби фарзанди шумо ҳамчун мукофот қабул карда мешавад, ки метавонад боиси таҳкими рафтори бад шавад. Масалан, ҳар боре, ки модар ҳангоми пароканда кардани бозичаҳо ба кӯдак дод мезанад, кӯдак таваҷҷӯҳи шахси дӯстдоштаашро мегирад ва ин рафтораш давом меёбад.

Оё шумо ба фарзандатон бояд гӯед, ки шумо ба ӯ эътибор намедиҳед? Ин аз он вобаста аст, ки вақте шумо ба ӯ оиди ин мегӯед, оё ӯ диққати шуморо ба худ ҷалб мекунад. Ба рафтори ночиз шумо метавонед чизе нагӯед. Шумо инчунин метавонед як бор ба фарзандатон фаҳмонед, ки шумо ба рафтори бади ӯ эътибор намедиҳед ва баъдан ҳар боре, ки чунин рафтор такрор мешавад, ба кӯдак чизе нагуфта, ӯро нодида гиред.

Муҳим он аст, ки беэътиноӣ аз ҷониби фарзанди шумо ҳамчун радкунӣ қабул карда нашавад. Агар шумо воқеан хашмгин бошед ва ин хашм дар оҳанги овози шумо зоҳир шавад ("Ана, акнун ман ба ту эътибор намедиҳам!"), беҳтар аст, ки дар ин лаҳза аз чунин усул истифода набаред.

Беэътиноии ба нақша гирифташуда: маслиҳатҳо
Инҳоянд чанд маслиҳат оид ба истифодаи беэътиноии ба нақша гирифташуда:
  • Комилан эътибор надиҳед. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми рафтори ношоиста ба фарзандатон нигоҳ накунед ва чизе нагӯед. Нигоҳҳо, табассумҳо ва ё ҳатто абрӯбандӣ метавонанд ба шумо аз ноил шудан ба ҳадафи дилхоҳатон оиди тағир додани рафтори кӯдакатон халал расонанд. Агар ба шумо худро нигоҳ доштан душвор бошад ва вазъият бехатар бошад, оромона аз кӯдак дур шавед, то он даме ки ӯ рафтори номуносибро қатъ накунад.
  • Танҳо вақте ки рафтори бад сар мешавад беэътиноиро оғоз кунед. Агар рафтори бади фарзандатон ҳатто ба як муддате қатъ шавад, беэътиноиро бас кунед. Тавсия дода мешавад, ки барои кӯдакони хурдсол 20 сония ва барои кӯдакони калонтар якчанд дақиқа беэътиноиро истифода баред. Агар ӯ рафтори бадро бас кунад, шумо метавонед аз нав диққати худро ба кӯдак баргардонед ва ба ӯ ҷавоб диҳед.
  • Ба дигар чиз таваҷҷӯҳ диҳед. Агар ба шумо беэътиноӣ кардан ба кӯдак душвор бошад, якчанд роҳҳоро барои диққати худро парешон кардан фикр карда бароед. Шумо метавонед мусиқиро фаъол созед, дар фикр ҳисоб кунед, машқҳои нафаскашӣ кунед ё рӯйхати харидро тартиб диҳед.
  • Рафтори хубро ҳавасманд кунед. Кӯшиш кунед, ки ба рафтори хуби кӯдак эътибор диҳед ва кӯдакро ба он ташвиқ кунед. Масалан, бо нидо кардани «Ура!» ё "Офарин!" ҳар вақте ки фарзанди шумо бозичаҳоро ба тартиб меорад.

Дар хотир доред, ки баъзан кӯдакон ҳангоми мубодилаи эҳсосоти қавӣ ё таассуроти худ бо шумо, густохӣ ё саркашӣ мекунанд. Мо ҳама бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешавем ва вақте ки ин ҳодиса рӯй медиҳад, хуб аст кӯшиш кунед ба фарзандатон дар бораи эҳсосоти ӯ сӯҳбат кунед; ё шумо метавонед баъдтар, вақте ки ӯ ором мешавад, сӯҳбат кунед. Кӯмак ба фарзандатон дар фаҳмидани ҳиссиёти ӯ барои инкишофи худтанзимкунӣ ва идора намудани эҳсосот ва рафтори худ мусоидат менамояд.

Қабули қарор оиди истифода бурдани беэътиноии ба нақша гирифта шуда

Беэътиноӣ на ҳамеша беҳтарин воситаи идора кардани рафтори кӯдак аст. Пеш аз қабули қарор оиди интихоби стратегия ё усули мушаххас, тавсия дода мешавад, ки ба ҳолатҳои зерин диққат диҳед.

Оё рафтор бо таваҷҷӯҳи дигарон ташвиқ карда мешавад?

Истифодаи беэътиноии банақшагирифташуда бесамар хоҳад буд, агар рафтори нодурусти фарзанди шумо бо таваҷҷӯҳи ягон каси дигар, масалан бародарон, хоҳарон ё дӯстон, ташвиқ шавад. Дар ин ҳолат, шумо метавонед воситаи дигари идораи рафтори кӯдакро истифода баред – масалан, тағйир додани муҳити атрофи кӯдак.

Оё ба рафтор эътибор надодан лозим аст?

Шумо ин усулро истифода бурда наметавонед, агар фарзандатон ба рафтори хатарнок ё фаъолияте машғул шавад, ки метавонад ба дигарон ё ба асбобу анҷом зарар расонад, ба монанди газидан, задан, пучидани дигарон, шикастан ё партофтани ашёҳо. Дар ин ҳолат, воситаҳо, ба монанди фаро расидани оқибатҳои муайян барои чунин рафтор ё ҷорӣ кардани вақти танаффус/тайм аут (қатъ кардани рафтор) метавонанд мувофиқ бошанд.

Оё шумо метавонед ба рафтор дар ҳар ҷое, ки рӯй медиҳад, эътибор надиҳед?

Агар шумо рафторро дар як ҷо нодида гиред ва дар ҷои дигар не, пас шумо ба рафтори манфии бештаре дучор мешавед, ки дар он ҷой ба шумо лозим нест. Масалан, агар шумо ба дод задани фарзандатон дар хона эътибор надиҳед ва дар ҳамин ҳолат дар мағоза ӯро ором карданӣ шавед, пас дафъаи оянда дар мағоза дидан мумкин аст, ки рафтори фарзандатон бадтар мешавад. Кӯшиш кунед, ки амалҳои худро дар сурати рафтори бади кӯдак дар мағоза пешакӣ ба нақша гиред.

Оё одамони дигар ба ин гуна рафтор эътибор намедиҳанд?

Агар шумо тавонед рафтори бадро бомуваффақият нодида гиред, аммо ҳамсар, дӯст ё хешатон ногаҳон пайдо шуда, таваҷҷӯҳ кунад, пас тамоми кӯшишҳои шумо беҳуда аст. Ҳамоҳангсозии байни ҳамаи иштирокчиёни раванди тарбия ва дастгирии ҳамдигар ҷузъҳои муҳими идоракунии рафтори  фарзандони шумо мебошанд, аз ин рӯ шумо бояд бо ҳамсари худ пешакӣ мувофиқа кунед, ки ба чӣ гуна рафтор эътибор намедиҳед.

Омода бошед, ки рафтори беэътиноӣ мешуда, аксар вақт пеш аз беҳтар шудан бадтар шуданаш мумкин аст. Ин як навъ имтиҳон барои шумо ва фарзандони шумост - кӣ киро. Кӯдакон метавонанд бештар шикоят ё гапгардонӣ кунанд, бо умеде, ки шумо таслим мешавед ва ҷавоб медиҳед.

Ҳангоми интихоби усули беэътиноии банақшагирифташуда ё усули дигари идоракунии рафтори фарзандатон, ҳамеша ҳама нозукиҳоро ба назар гиред ва дар амалҳои худ барои расидан ба ҳадаф устувор бошед.