Ихтилоли биноӣ
Вайроншавии биноӣ чист?
Биноии бад маънои вайроншавии биноиро дорад, ки онро бо айнак ё дору ислоҳ кардан ғайриимкон аст. Дараҷаи ниҳоии нуқсони биноӣ – нобиноӣ аст.
Нобиноӣ чист?
Кӯдаки биноишаш суст маъюб ҳисобида мешавад, агар вай дар масофаи 6 метр он чизеро, ки кӯдаки дорои биноии муқаррарӣ дар масофаи 60 м дида метавонад, дида натавонад, ё кунҷи нигоҳи ӯ аз 20° камтар бошад (дар шахси биноишаш муқаррарӣ кунҷи нигоҳ 180° ташкил медиҳад).
Сабабҳои ихтилоли биноӣ
Кӯдакон аз таваллуд метавонанд нуқсони биноӣ дошта бошанд. Аммо он метавонад дертар дар натиҷаи беморӣ, ҷароҳат ё дар натиҷаи ягон гуна нуқсон рух диҳад.
Сабабҳои маъмултарини вайроншавии биноӣ инҳоянд:
- бемориҳои системаи асаб, ки ба минтақаҳои барои биниш масъули майна таъсир мерасонанд (нуқсони биноии кортикалӣ);
- бемориҳои ирсӣ, аз қабили албинизм ва дистрофияи пигментии шабакия;
- бемориҳое, ки дар баъзе кӯдакони хеле бармаҳал таваллуд шуда ва ё дар кӯдаконе, ки ҳангоми таваллуд мушкилот доштанд, пайдо мешаванд;
- як қатор бемориҳо, аз қабили глаукома ё катарактаи кӯдакона, инчунин саратон, мисол ретинобластома;
- сироят бо баъзе вирусҳо ҳангоми ҳомиладорӣ – масалан, сурхча, сирояти ситомегаловирус, сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ва токсоплазмоз;
- мушкилотҳое, ки бо сохти чашм алоқаманаданд ва бинишро маҳдуд мекунанд, ба монанди микрофталм ё анофтальм;
- осеб ё ҷароҳат дидани чашм, асабҳои биноӣ, ки чашмро бо майна мепайвандад.
Аломатҳои барвақтии вайроншавии биноӣ
Дар кӯдакони дорои нуқсонҳои биноӣ, чашмон зоҳиран муқаррарӣ ба назар мерасанд. Ба рафтори кӯдак ва чӣ тавр ӯ чашмони худро истифода мебарад, диққат диҳед.
Аксарияти кӯдакони хурдсол дар синни 4-5 ҳафтагӣ ба чеҳраҳо ва ашёҳо диққат медиҳанд. Тақрибан дар синни 6-8 ҳафтагӣ аксари кӯдакон ба чеҳраҳои шинос ва чизҳои дидаашон табассум мекунанд. Агар кӯдаки Шумо нуқсони биноӣ дошта бошад, Шумо метавонед дарк кунед, ки барои ӯ ин корро кардан душвор аст.
Дигар аломатҳое, ки мушкилоти биноӣ доштани кӯдаки Шуморо нишон медиҳанд, инҳоянд:
- чашмон зуд аз ин самт ба он самт ҳаракат мекунанд (инро нистагм меноманд), кашиш мехӯранд/мепаранд ё ҳаракати беҷо мекунанд;
- кӯдак бо чашмонаш рӯи Шумо ё чизеро пайгирӣ намекунад ё ба назар мерасад, ки бо чашм тамос намегирад;
- чашмон ба рушноии баланд, ки дар дохили ҳуҷра даргиронда мешавад, вокуниш нишон намедиҳанд;
- гавҳараки чашмон сафед ё хира ба назар мерасанд;
- чашмон ба рост нигоҳ намекунанд, балки ба бинӣ ё ба паҳлӯҳо гардонида шудаанд.
Дар кӯдакони калонтар метавонанд чунин ҳолатҳо мушоҳида карда шаванд:
- кӯдак ашёҳоро ба рӯй наздик мекунад;
- кӯдак аз дард шикоят мекунад ё чашмонашро сахт молиш медиҳад;
- ҳангоми аз наздик нигоҳ кардан ба чизе сарро поён мекунад ё мегардонад, ё як чашмашро мепӯшад;
- хаста мешавад ҳангоми аз наздик нигоҳ кардан ба чизе, масалан, пас аз хондан, расмкашӣ ё бозӣ кардан дар назди экран;
- ба назар мерасад, ки вай рӯзона назар ба шаб беҳтар мебинад;
- ба назар мерасад, ки олусчашмӣ дорад ё чашмонаш ба самтҳои гуногун менигаранд (инро амблиопия меноманд) ё чашмонашро нимпӯш мекунад;
- лаванд ба назар мерасад – масалан, метавонад чизеро чаппа кунад ё зуд-зуд пешпо хӯрад.
Ташхиси вайроншавии биноӣ
Вайроншавии биноӣ одатан аз ҷониби офтальмолог ташхис карда мешавад.
Оқибатҳои нобиноӣ
Нобиноӣ ба соҳаҳои гуногуни инкишофи кӯдак таъсир мерасонад, аз қабили:
- муошират;
- бозӣ кардан ва бо одамони дигар муносибат кардан;
- гуфтугӯ – кӯдак ба ашёҳо ишора намекунад, бинобар ин одамони гирду атроф номи ашёро намегӯянд;
- оқибмонӣ дар инкишофи малакаи нишастан ва роҳ рафтан;
- оқибмонӣ дар инкишофи малакаҳои хондан, навиштан ва бозӣ кардан бо ашёҳо.
Дахолати саривақтӣ дар синни барвақтӣ барои кӯдакони дорои нуқсонҳои биноӣ
Пастшавии биноӣ ҳар қадар зудтар мушоҳида карда шавад ва якҷоя бо мутахассисон чораҳои зарурӣ андешида шаванд, кӯдак ҳамон қадар малакаҳои зарурии инкишоф ва муоширатро аз худ мекунад.
Ба худ ва оилаатон ғамхорӣ кунед
Ҳангоми нигоҳубини кӯдак, муҳим аст, ки барои некӯаҳволии худ низ ғамхорӣ кунед. Агар ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии Шумо дар ҳолати хуб бошад, Шумо метавонед ба фарзандатон беҳтар нигоҳубин кунед.
Муошират бо дигар волидоне, ки таҷрибаҳои шабеҳ доранд, беҳтарин роҳи гирифтани дастгирӣ мебошад. Ба гурӯҳҳои дастгирӣ шомил шавед ё онлайн пайваст шуда муошират кунед.
Хоҳарон ва бародарони кӯдакони дорои хусусиятҳои инкишоф бояд эҳсос кунанд, ки онҳо барои Шумо низ муҳиманд - Шумо ба онҳо ғамхорӣ мекунед ва ба он чизе, ки онҳо аз сар мегузаронанд, таваҷҷӯҳ доред. Сӯҳбат кунед ва босаброна фаҳмонед. Бо онҳо вақт гузаронед ва таваҷҷӯҳ кунед, ки чӣ онҳоро ба ташвиш меорад.