Илтиҳоби шуш

Илтиҳоби шуш — сироятнокшавии як ё ҳардуи шушҳо мебошад. Агар кӯдаки Шумо ба илтиҳоби шуш гирифтор шавад, он гоҳ Шумо эҳтимолан дигаргуншавии нафаскашии ӯ ва инчунин як қатор аломатҳо, аз ҷумла баландшавии ҳарорати бадан, сулфаи балғамдор, асабонияти зиёд ва беҳолии ғайримуқаррариро мушоҳида карда метавонед.
Body

Сабабҳои илтиҳоби шуш

Сабабҳои илтиҳоби шуш вирус ва баъзан бактерияҳо буда метавонанд. Ин сироятҳо имкон намедиҳанд, ки шушҳо вазифаи худро ба таври зарурӣ иҷро намоянд.

Вазифаи асосии шушҳо ҷудо кардани оксигени таркиби ҳаво ва гузаронидани он ба хун мебошад. Дар мавриди сироятнок будани шушҳо, онҳо қобилияти иҷро намудани вазифаи худро, чун ҳолати муқаррарӣ надоранд.

Илтиҳоби шуш дар кӯдакон: аломатҳо

Агар фарзанди Шумо гирифтори илтиҳоби шуш бошад, он гоҳ :

  • ӯ сулфаи балғамдор мезанад;
  • ҳарорати бадани ӯ баланд мешавад;
  • нафаскашии ӯ душвор мешавад ё нафастангӣ мушоҳида карда мешавад;
  • ҳангоми нафаскашии чуқур ё сулфа кардан ба дарди шадиди қафаси сина шикоят мекунад;
  • дарди шикам пайдо мекунад ё қай мекунад;
  • кӯдак асабонӣ ё беҳол шуда метавонад.

Дар бештари кӯдакон инчунин нестшавии иштиҳо пайдо шуда онҳо нӯшидан намехоҳанд. Кӯдаки хурдсол метавонад танҳо хеле озурдаҳол намояд ва нафаскашиаш босуръат бошад. Дар ин маврид дигар аломатҳои дар боло номбаршуда ба чашм намерасанд.

Кӯдакони хурдсол ва калонтари гирифтори илтиҳоби шуш дорои хатари беобшавии бадан ҳастанд.

Дар кадом вақт бо сабаби ҷой дошатни аломатҳои илтиҳоби шуш ба табиби оилавӣ муроҷиат намудан зарур аст

Ба Шумо лозим аст, кӯдаки худро ба табиби оилавӣ нишон диҳед, агар:

  • дар кӯдак сулфа ва ҳароратбаландӣ ҷой дошта бошад;
  • нафаскашии кӯдак душвор бошад;
  • агар кӯдак қай кунад ва нӯшида натавонад;
  • агар кӯдаки шумо беҳол бошад ва нафаскашиаш босуръат гардад.

Агар лабҳои кӯдаки Шумо кабуд шаванд, дарҳол ёрии таъҷилиро (бо телефони 103) даъват намоед.

Таҳлилҳо барои илтиҳоби шуш

Табиби оилавӣ пас аз пурсидани аломатҳои дар кӯдаки Шумо ҷойдошта ва гузаронидани муоина ба Шумо мегӯяд, ки оё дар кӯдак илтиҳоби шуш ҷой дорад ё не.

Табиби оилавӣ метавонад бо мақсади боварӣ ҳосил намудан ба ҷой доштани илтиҳоби шуш дар кӯдаки Шумо акси рентгении қафаси сина тавсия намояд. Баъзан барои тасдиқ намудани он, ки барангезандаи беморӣ вирус ё бактерия аст, ба табиби кӯдакона тавсия додани таҳлили хун кӯмак мерасонад. 

Табобати илтиҳоби шуш

Дар бисёр мавридҳо кӯдакони гирифтори илтиҳоби шушро дар хона табобат намудан мумкин аст:

  • Агар кӯдак дар синамаконӣ бошад ва синнаш аз 6 моҳа хурд бошад, бештар сина маконед.
  • Агар кӯдак дар ғизодиҳии сунъӣ бошад ва аз 6 моҳа хурд бошад, ба ӯ миқдори муқаррарии шири сунъӣ диҳед. Агар ӯ худро бад ҳис кунад, Шуморо лозим меояд, ки миқдоран кам, вале зуд-зуд шири сунъӣ хӯронед.
  • Агар кӯдак аз 6 моҳа калонтар бошад, синамаконӣ ё хӯронидани шири сунъиро давом диҳед. Ба кӯдак об низ дода метавонед. Агар кӯдак ҳангоми ҳарорати баланд доштанаш гурусна набошад – ин ҳолати муқаррарӣ аст.  
  • Агар кӯдаки Шумо ҳарорати баланд дошта бошад, ба ӯ мувофиқи нишондодҳо, доруи парасетамол ё ибупрофен диҳед.
  • Боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдаки Шумо то ҳадди имкон истироҳат кунад.

Агар сабаби пайдоиши илтиҳоби шуш бактерияҳо бошанд, табиби оилавӣ ба кӯдак мумкин аст, ки антибиотикҳо таъин намояд ва кӯдак антибиотикҳоро дар давоми 1 ҳафта қабул мекунад. Дар мавриди илтиҳоби шуше, ки дар заминаи таъсири вирусҳо пайдо шудааст, доруҳои антибиотикӣ кӯмак намерасонанд. Баъзан фарқ намудани илтиҳоби шуш аз сабаби бактерияҳо ё вирус буда душвор мебошад. Табобат аз вазнинии беморӣ ва дигар ҳолатҳои вазнинкунанда вобаста аст.

Дуди тамоку илтиҳоби шушро вазнинтар менамояд ва барои ҳамин ҳам сигоркашӣ дар хона тавсия дода намешавад.

Агар бемории кӯдак хеле вазнин шавад ё синни ӯ аз 1 сола хурд бошад, эҳтимоли ба беморхона хобонидан ва қабул намудани табобати статсионарӣ вуҷуд дорад. Агар илтиҳоби шуш дар заминаи таъсири бактерияҳо ба вуҷуд омада бошад, дар беморхона ба таври қатрагӣ ба кӯдак антибиотикҳо гузаронида мешавад. Баъзе кӯдакон, бо мақсади сабуктар намудани нафаскашӣ, эҳтимол ба оксиген эҳтиёҷ дошта бошанд.

Пас аз оғоз кардани табобат кӯдакон хеле зуд ва пурра сиҳат мешаванд.