Инкишофи ақлонии кӯдакон ва бозӣ бо онҳо
Бозиҳои кӯдакона ва инкишофи когнитивии ӯ.
Кӯдакон - фаъол ва кунҷков мебошанд. Онхо доимо ба мушоҳида кардан, фикр кардан ва ба муайян кардани ягон чиз машғуланд. Онҳо тавассути таҷрибаҳои нав, махсусан таҷрибаи дар давоми бозӣ ба даст овардашударо меомӯзанд ва ба воя мерасанд.
Тавассути бозӣ кӯдакон малакаҳои тафаккур, фаҳмиш, муошират, дар хотир доштан, ва тасаввур кардани он чизеро, ки баъдтар рӯй дода метавонанд, инкишоф медиҳанд. Ҳамаи ин малакаҳо қисми инкишофи когнитивии фарзанди Шумо мебошанд.
Аслан, бозӣ барои кӯдакон - ин муошират бо онҳо мебошад. Вақте ки Шумо ҳангоми бозӣ бо кӯдаки худ муошират мекунед, ба ӯ маълумоти муҳиме медиҳед, ки ӯ барои дарк намудан истифода мебарад. Масалан, як бозии оддӣ ба монанди «ку-ку» ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, дарк кунад, ки падараш руст мешавад, пас дубора пайдо мешавад.
Чиро бояд интизор шуд: Инкишофи когнитивии кӯдакон
Кӯдаки Шумо эҳтимол малакаҳои зеринро иҷро карда тавонад:
- аз синни 8 моҳагӣ сар карда ба чизҳое, ки Шумо номи онҳоро мегиред, нигоҳ кунад;
- бо Шумо бо забони «худ» сӯҳбат кунад ва мунтазири посухи Шумо бошад;
- аз кӯдакони калонсол чашм наканад;
- аз бозиҳои такрорӣ ҳаловат барад ва як ҳикояро такрор ба такрор гӯш кунад;
- бо одамоне, ки вай камаш дар як хафта як бор мебинад, шинос шавад;
- ба ифодаҳои чеҳраи Шумо ҷавоб диҳад - масалан, агар фарзанди Шумо бозичаи навро бубинад ва Шумо табассум кунед, ин ба онҳо нишон медиҳад, ки бозича бехатар ва шавқовар аст;
- ашёҳои навро бо даҳонаш тадқиқ намояд.
Аз синни 8-12 моҳагӣ сар карда Шумо дарк мекунед, ки кӯдакатон дар вақти бозӣ кардан гӯё таҷриба мегузаронад. Масалан, ӯ метавонад косаро ба рӯи фарш партояд ва бубинад, ки он чӣ гуна меафтад, қуттии партовро чаппа кунад ё бозичаҳоро ба девор партояд, то бубинад, ки ин амал чӣ гуна аст. Вай ҳамаи бозичаҳову чизҳои дастрасбуда аз ҷумла пиёла, табақҳо ва ҳатто ҳайвоноти хонагиро тафтиш мекунад.
Ин маънои онро надорад, ки ӯ эркагӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки кӯдаки Шумо дар амал сабаб ва оқибати онро меомӯзад: "Агар ман ин корро кунам, оқибаташ чӣ мешавад." Аз ин сабаб фарзанди Шумо истфодаи бозичаҳоро барои фаҳмидани муносибатҳои сабабу натиҷа дӯст медорад - бозӣ бо онҳо ин аст, ки агар кӯдак тугмаро пахш кунад, пас чизе рӯй медиҳад.
Агар кӯдаки Шумо имкониятҳои зиёде дошта бошад, ки дар бораи муҳити атроф маълумот гирад, пас ӯ имкон дорад, ки ҳар рӯз бештар омӯзад. Агар Шумо муҳити бехатарро эҷод кунед ва кӯдаки худро ҳамеша назорат кунед, он гоҳ ӯ метавонад озодона ҳаракат кунад ва ягон чизи навро азхуд кунад.
Ғояҳо барои ангезиши инкишофи когнитивии кӯдак
Дар синни 3-6 моҳагӣ
Якчанд ғоя барои бозиҳои шавқовару оддӣ барои Шумо ва фарзандатон:
- Якҷоя китоб мутолиа карда сурудҳо ва қофияҳои бачагонаро бихонед. Кӯдакон китобҳои таълимиро, ки аз матоъ сохта шуда дорои матнҳо, тирезачаҳо ва бозичаҳои гуногунанд, дӯст медоранд.
- Ба кӯдакатон нигоҳ доштан, партофтан ва ғелонидани пуфакҳои гуногунро омӯзонед. Ин ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки чӣ тавр ҳаракат кардани объектҳоро фаҳмад.
- Бо раққосак, зангӯла ва дигар бозичаҳое, ки садо мебароранд, бозӣ кунед.
- Дар атрофи кӯдаки худ бозичаҳоро ҷойгир кунед, то ӯ ба онҳо бирасад.
Дар синни 6-12 моҳагӣ
Дар ин синну сол Шумо ва фарзанди Шумо метавонед бештар бозиҳои навро омӯзед:
- Ба кӯдаки худ бозичаҳоро барои обозӣ кардан диҳед, то онҳоро тар карда, бо об пур кунед, ба рӯи об гузорад ё ба зарфҳои гуногунҳаҷм об резад. Шишаҳои пластикии шир ва зарфҳои хӯроквориро ба мисли бозичаҳои аз мағоза харидашуда истифода бурдан мумкин аст.
- Ба кӯдаки худ бозичаҳоеро диҳед, ки дар он Шумо бо тугмапахшкунӣ идора карда мешаванд ва дар мавриди рӯй додани воқеае кӯшиш кунед, ки ашёҳоро ларзонед ё садо бароронед.
- Бо блокҳо ва бозичаҳое бозӣ кунед, ки кӯдаки Шумо метавонад ба рӯи фарш ғелонда тела диҳад.
- Ҳангоми хондан, барои иштирокчиёни ҳикоя овозҳои гуногунро истифода баред ва ба садоҳои ҳайвоноти гуногун тақлид кунед.
Ба кӯдак якчанд вариантҳои бозӣ пешниҳод кунед, ки аз байни онҳо интихоб кунад, аммо набояд аз ҳад зиёд зиёд бошад, то ба кӯдак аз ҳад зиёд сарборӣ накунад. Ба ӯ имконият диҳед, ки оҳиста-оҳиста кореро интихоб кунад, ки ӯ мехоҳад.
Баъзан хуб аст, ки ақибнишинӣ карда бигзоред, ки фарзанди Шумо худаш ҳама чизро ҳал кунад. Дар ин ҳолат, Шумо метавонед ба кӯдаки худ бо тасвир кардани он ки ӯ чӣ кор карда истодааст, омӯзонед. Масалан, "Овози ин табақ ҳангоми задани ту хеле баланд аст!"
Хусусан муфид аст, ки ба таваҷҷӯҳи кӯдаки худ аксуламал нишон диҳед ва ҳангоме ки ӯ чизи навро кашф кунад, новобаста аз он ки он ночиз ба назар мерасад, шавқу рағбати ӯро мубодила кунед. Масалан, «Воҳ! Бубинед, ки киштии сурх чӣ гуна дар ванна шино мекунад.
Ҳамаи кӯдакон гуногун буда, суръати инкишофи онҳо низ гуногун аст. Агар Шумо дар бораи инкишофи кӯдаки худ ягон нигаронӣ дошта бошед, ба табиби кӯдакона муроҷиат кунед. Агар фарзанди Шумо дар муассисаҳои томактабӣ таҳсил кунад, инчунин метавонед бо муррабияи фарзандатон сӯҳбат кунед.