Инкишофи ҳаракати дастон дар синни аз 7 то 12 моҳагӣ

Инкишофи кӯдак — раванди мураккабест, ки дар он ҳамаи ҷузъҳои инкишофёбӣ, аз ҷумла ҳаракат, дарк, нутқу забон ва рушди малакаҳои дастӣ ташаккул меёбанд. Чуноне мегӯянд: «Дастони Шумо — инъикоси мағзи сари Шумост». Дастҳо барои тадқиқ намудан ва сохтани ашёҳое, ки ҷузъи ҳаёти ҳамарӯза мебошанд, зарур ҳастанд.
Body
Ташаккули ҳаракат ва вазифаи дастон
  • Агар кӯдакро ҳанӯз дар 4 моҳагӣ дар ҷои ҳамворӣ гузоред, пас ӯ аз моҳи 6-ум ҳангоми ҳаракат дар рӯи ҳамвор кафи кушодаашро ҳамчун такягоҳ истифода мебарад.
  • Вақте ки кӯдак ба нишастан оғоз мекунад, ҳангоми аз мавқеи нишаста ба дигар мавқеъ гузаштан, ӯ даст ва кафи кушодаи барои муҳофизат кардани худ аз афтидан ба сар муҳофтзат мекунад.
  • Кӯдаконе, ки ба по рост хестан мехоҳанд, барои нигоҳ доштани мавқеи худ дастонашонро ба боло мекашанд.
Инкишофи моторикаи хурд

Бо шарофати хубтар идора намудани малакаҳои моторӣ, ҳаракатҳои дастон дар мавриди қапидан, идора кардан ва омӯхтани муҳити атрофи кӯдак дақиқтар хоҳад шуд.

Дар семоҳаи сеюм ва чоруми инкишофи кӯдак малакаҳои қапидани кӯдак чунин сурат мегирад.
  • кӯдак бозичаро аз як даст ба дасти дигараш медиҳад;
  • кӯдак дар ҳар даст як бозича дошта, онҳоро ба ҳамдигарашон мезанад;
  • кӯдак бозичаҳои андоза ва шаклашон гуногунро ба даст мегирад (дар ин маврид дараҷаи кушодани кафи дасташро танзим мекунад);
  • кӯдак кӯшиш мекунад, ки то 3 ё 4 ашёи хурдро ба дастонаш гирифта нигоҳ дорад;
  • кӯдак ашёҳои мулоимро ғиҷим мекунад;
  • кӯдак саҳифаҳои китобро варақ мезанад;
  • кӯдак қуттиҳоро мекушояд, сарпӯши қуттиҳоро мебардорад, салфеткаҳоро аз баста мебарорад;
  • кӯдак ду блоки ба ҳам пайвастшудаи конструкторро ҷудо мекунад;
  • кӯдак барои омӯхтани чизе ангушти ишораташро берун мекунад, бо ангушти ишорат ба чизе ишора мекунад;
  • кӯдак бозичаи дар ришта басташударо, кашола мекунад;
  • кӯдак бардоштани ашёи вазнинро дӯст медорад (шишаи об, қуттии бозичаҳо);
  • кӯдак қуттиҳои бозичаҳову мебелҳоро тела медиҳад ва мекашад (курсӣ, либосхушккунак);
  • кӯдак бо нӯги ангуштон ашёҳои хурдро гирифта бо ангушти калон ва ишоратӣ ва сипас бо нӯги ангушти калон ва ишоратӣ онҳоро мегирад.
Дастон ва ғизо

Ин синну сол инчунин бо ворид кардани маҳсулоти ғайриширӣ ба номгӯи маводҳои ғизоӣ хос аст. Ин марҳилаест, ки, ки ғизои мечашидаи кӯдак аз «назорати дастии сифат» мегузарад. Ба кӯдак имконият диҳед, ки даст занад, фишор орад, парешон кунад, партояд, лесад ва ба даҳонаш гузорад. Ба шарофати дастҳо кӯдак дар бораи чӣ будани ғизо, сохтор ва шакли он, бӯйи он ва баъдтар дар бораи чӣ будани таъми он маълумот мегирад ва тамоми маълумоти заруриро дар бораи он дар хотир нигоҳ медорад:

  • ин гуна ғизоро чӣ гуна бояд гирифт, чӣ тавр онро доштан лозим аст;
  • консентратсияи он чӣ гуна аст: мулоим, сахт, шавламонанд, тар;
  • дар бораи андоза ва шакл дониш пайдо мекунад: калон, хурд, мудаввар, дарозрӯя.

Ҳамаи ин дар омода кардани кӯдак барои омӯхтани хоидан ва гуфтугӯ низ нақши муҳим мебозад.

Даст барои такя кардан, муҳофизат, гирифтан, нигоҳ доштани ягон чиз, идора кардан, маълумот гирифтан дар бораи сифатҳои гуногуни ашё хизмат мекунад. Ба кӯдаки худ ашёҳоро омӯзонида нигоҳдории бехатариро таъмин кунед ва (ҷисмҳои тез, хурд, моддаҳои заҳролуд, аз ҷумла маводҳои кимиёвии маишӣ, ки ба онҳо расида метавонанд, ашёҳои ноустуворро, ки ӯ ба сӯи худ кашад ва ҳангоми афтидан ба ӯ осеб расониданашон мумкин аст) дур нигоҳ доред.