Иваз кардани уребча бо суруд

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҷой барои ивазкунии уребча, уребча, креми кӯдакона.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Яке аз роҳҳои зебои муошират бо кӯдаки Шумо сурудҳо мебошанд, зеро онҳо беҳтар кардани муошират ва мустаҳкам намудани робитаи байни Шумо ва кӯдакатон кӯмак мерасонанд.

Барои иваз кардани уребча ҳама чизи лозимаро омода кунед ва боварӣ ҳосил кунед, ки дар ҷои, ки уребчаро иваз мекунед ягон ашёи хатарнок мавҷуд нест.

Кӯдакро ба пушт гузоред ва иваз намудани уребчаро оғоз кунед. Дар ин лаҳза ягон суруди кӯдакона барояш садо кунед. Шумо метавонед суруди зеринро хонед:

"Ман уребчаи туро ба тоза иваз мекунам,

  Кӯдакамро тоза ва хушбахт мекунам."

Шумо метавонед фаъолияти худро бо хондани қофияҳо, гуфтугӯ бо кӯдаки худ ё оҳанги ҷаззоб иҷро кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Сурудхонӣ ба тифлон кӯмак мекунад, ки ба калонсолон наздик шаванд, инчунин шунавоӣ, нутқ  ва ҳамкории иҷтимоии онҳо инкишоф меёбад.