Кафкӯбӣ мекунем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Амалҳои оддиро пайдарпай иҷро кунед:

  1. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ тавр кафкӯбӣ мекунед. Ин амалро бо ханда ё қофияҳои оддӣ, масалан, бо истифода аз калимаҳои аз шеъри "Ладушки" иҷро кунед, то кафкӯбӣ дар кӯдак бо хурсандӣ якҷоя бошад.
  2. Дастҳои онҳоро ба дасти худатон гирифта ба онҳо бо такрор кардани ҳаракатҳои нарму оҳиста кафкӯбиро омӯзонед. Ҳаракатҳои аз меъёр зиёди дастҳо кӯдакро метарсонад. Ба ӯ оҳиста ва меҳрубонона кафкӯбиро омӯзонед, ё бигзоред ӯ паси Шумо такрор кунад.
  3. Вақте ки кӯдак ба ин ҳаракат одат мекунад, иҷро намудани ритмҳои гуногунро нишон диҳед             (3 чапакзании суст, 3 чапакзании тез ва ғайра). Кӯшиш кунед, ки бо иҷро намудани оҳангҳо, қофияҳо ё калимаҳои гуногун кафкӯбӣ намоед.
  4. Кафкӯбиро бо дигар амалҳо якҷоя иҷро кунед. Ҳангоми бозӣ кардан бо бозичаҳо ё сароидани сурудҳои кӯдакона кафкӯбӣ карданро оғоз кунед. Кафкӯбиро бо якчанд қарсаки тез дар фосилаҳои гуногуни вақт иҷро карда бубинед, ки оё фарзанди Шумо намунаро қабул мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ба Шумо тақлид намояд.

Кафкӯбӣ карданро кӯдакони 6-моҳа ва калонтар дӯст медоранд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вақте ки Шумо кӯдакро ташвиқ мекунед, ки кафкӯбӣ кунад, дар ин замина ӯ малакаи таҳлил намудани шакли садо ва ритмро меомӯзад.