Камхунӣ
Камхунӣ чист?
Камхунӣ – ин дар ҳуҷайраҳои хуни Шумо норасоии ҳуҷайраҳои сурх (эритросит) ва ё гемоглобин мебошад. Сабабҳои зиёди камхунӣ вуҷуд дорад.
Камхунии норасоии оҳан
Камхунӣ одатан аз сабаби норасоии оҳан, ки ба организми Шумо барои истеҳсол намудани гемоглобин зарур аст, пайдо мешавад. Ин намуди камхунӣ ҳамчун камхунии норасоии оҳан машҳур аст.
Норасоии оҳан дар ратсиони кўдаки Шумо
Агар кўдаки Шумо аз ғизои худ шумораи лозимии оҳанро қабул накунад, дар ў бемории камхунии норасоии оҳан инкишоф меёбад.
Дар навзодон, ин дар он ҳолат шуданаш мумкин аст, ки агар кўдаки Шумо пас аз шаш моҳагӣ танҳо шири модарро қабул намояд. Тақрибан дар ин синну сол кўдаки Шумо тамоми захираҳои оҳанро, ки дар батни модар ҷамъ намуда буд, сарфа кард. Кўдаки Шумо наметавонад ба оҳане, ки ниёз дорад, танҳо аз шири модар қабул намояд, чун ки ин захираи бади оҳан мебошад.
Кўдакони синни калонсол: кўдаки Шумо метавонад гирифтори камхунии норасоии оҳан гардад, агар:
- шири говро бисёр истеъмол намояд ва ё чой нушад – ин нушокиҳо ҷаббиши оҳанро дар хурока паст мекунанд;
- хуроки бо оҳан бойро ба қадри кофӣ истеъмол намекунад;
- дар ў чунин беморӣ ба монанди бемории глютен ҳаст, ки он хуб ҷазб намудани оҳанро аз хурока халал мерасонад.
Сабабҳои дигари камхунии норасоии оҳан
Камхунии норасоии оҳан метавонад барои навзодон хело мушкилоти ҷиддӣ гардад:
- онҳое, ки пеш аз мўҳлат таваллуд шудаанд;
- онҳое, ки дар синни навзодӣ хеле бемор будаанд;
- нафароне, ки модаронашон дар ҳафтаҳои охири ҳомиладориаш гирифтори норасоии оҳан буд.
Норасоии оҳан метавонад аз хунравӣ низ пайдо шавад.
Аз сабаби бемории рўда низ дар ахлоти кўдакон хунравӣ шуданаш мумкин аст.
Духтарони наврас хатари гирифтори камхунии норасоии оҳан доранд ва ин дар он ҳолат шуданаш мумкин, агар дар онҳо ҳайз зуд-зуд, дарозмуддат ва ё вазнин гузарад.
Камхунӣ, ки бо сабабҳои дигари норасоӣ ва мушкилот пайдо шудааст
Агар кўдаки Шумо аз ратсиони хўроки худ шумораи кофии витамини B12 ва ё туршии фолатро нагирад, ў метавонад ба камхунӣ гирифтор шавад.
Боз як сабаби камхунӣ гемолиз мебошад. Ин дар он ҳолат мешавад, агар организм шумораи зиёди ҳуҷайраҳои сурхи хунро вайрон кунад. Ин вазъият бо бемориҳои ирсӣ, ба монанди камхунии ҳуҷайраҳои серповидмонанд ё талассемия ё бо сироят вобастагӣ дорад.
Нишонаҳои камхунӣ
Агар кўдаки Шумо гирифтори камхунӣ бошад, ў метавонад рангпарида ба назар расад.
Кўдак метавонад сахт хаста шавад.
Кўдаки Шумо метавонад безобита бошад ва бо ў идора кардан душвор аст. Кўдакони синну соли калонтар метавонанд сахт хаста шаванд, иштиҳоби бад дошта бошанд ва ба онҳо дар мактаб тамаркуз шудан душвор аст.
Кадом вақт ба табиб нисбати нишонаҳои камхунӣ муроҷиат кардан лозим аст
Кўдакро ба назди табиб баред, агар ў:
- сахт рангпарида метобад;
- асабинок мебошад;
- қувваи зиёд надорад;
- ба зуд-зуд дард кардани сар шикоят мекунад;
- вазни лозимаро намегирад ва ё хўрокро хуб истеъмол намекунд.
Санҷишҳо барои муайян намудани камхунӣ
Агар табиб шуморад, ки дар кўдаки Шумо норасоии хун ҳаст, одатан ў барои муайян намудани сатҳи гемоглобин дар хун, ташхиси хунро таъин менамояд.
Дар ҳар як табиб ҷадвалҳои маълумотдор бо сатҳи муқаррарии гемоглобин вуҷуд дорад.
Баъзан барои муайян намудани сабабҳои камхунӣ дигар намудҳои тестҳо лозиманд.
Табобати камхунӣ
Табобати камхунӣ аз сабабҳои пайдошавӣ вобастагӣ дорад
Агар дар кўдаки Шумо камхунӣ аз норасоии оҳан бошад, пас ба ратсиони кўдак ворид намудани хўрокҳои аз оҳан бой метавонад сатҳи оҳанро баланд намояд.
Хўрокҳои аз оҳан бой инҳо мебошанд:
- ғалладонагиҳои аз оҳан бой
- лёбиёгӣ - масалан, наск ва лёбиё
- гушт - масалан, гушти сурх, мурғ ва моҳӣ
- зардии тухм
- сабзавоти баргаш сабзи баланд - масалан, исфаноҷ
- тухми куфтаи кунҷит – масалан, тахин ва ё ҳалво
Танҳо дигаргун кардани парҳезии кўдакатон басанда шуда наметавонад. Шояд ба ў лозим меояд, ки барои ба эътидол овардани сатҳи оҳан иловаҳои оҳанро (ҳаб ва ё маҳлул) низ қабул намояд.
Иловаҳои оҳан метавонанд ахлоти кўдаки Шуморо ранги сиёҳ ва ё хокистаранг намоянд, инчунин қабз ва ё ба вайроншавии кори меъда биёрад.
Ба Шумо тавсия дода мешавад, ки нисбати ин ва ё он таъсирҳои манфӣ метавонед бо табиби худ маслиҳат кунед.
Ба кўдаки Шумо дар ҳолатҳои кам лозим меояд, ки оҳанро ба таври тазриқӣ қабул намояд.
Агар камхунӣ ғайр аз норасоии оҳан, бо дигар сабабҳо шуда бошад, ба кўдаки Шумо муоина ва табобати иловагӣ лозим шуданаш мумкин аст.
Пешгирии камхунӣ
Навзодон
Вақто, ки Шумо пас аз синни шаш моҳагӣ ба ғизои кўдакатон хўроки дуруштро ворид мекунед, беҳтараш ба он ғизоҳое, ки аз оҳан бой мебошанд, ҷорӣ кунед.
Дар аксарияти мамлакатҳо ба ҳаммаи кўдакони синни аз 4 то 18 моҳагӣ барои пешгирӣ намудани норасоии оҳан ҳамарўза додани маҳлули оҳан тавсия дода мешавад.
Шумо метавонед баъди 12 моҳагӣ ба ғизои кўдак шири гови серравған, пастеризатсияшуда ва ароматизатор надоштаро ворид намоед.
Вале кўшиш намоед, ки шумораи шири говро, ки кўдаки Шумо истеъмол мекунад, кам кунед; на зиёда аз 500 мл дар як рўз.
Кўдкон ва наврасон
Чун кўдак меафзояд, ба ў хўрокҳои зиёди солим ва серғизоро аз панҷ гурўҳҳои хўрокворӣ пешниҳод намоед. Диетаи мутавозун метавонад камхуниро, ки боиси норасоии оҳан, туршии фолат ва ё витамини B12 гардад, пешгирӣ намояд. Истеъмоли шири говро то шумораи на зиёда аз 500 мл дар як рўз кам кунед.