Канӣ биёб
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бозингари якум ягон ашёи мавриди назарро, ки дар муҳити атроф ҳаст, тахмин мекунад. Дигар бозингарон бо додани саволҳое, ки ҷавобашон “ҳа” ё “не” мебошад, ашёи тахминшударо меёбанд. Баъд аз оне, ки ашё ёфта шуд, бозингаронро иваз намоед. Агар бозингарон номи ашёро дуруст наёбанд, ҳамон бозингари ашёро тахминкарда боз аз нав ашёи дигарро тахмин мекунад.
Бо гузоштани маҳдудият дар миқдори саволҳои додашуда бозиро душвортар намудан мумкин аст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон бояд маҳорати мушоҳидакунӣ ва шуурнокии худро барои тафриқа намудани ашёи тахминшуда истифода намоянд. Ин бозии хеле хуб барои ҳамаи аъзоёни оила буда, он барои вақтгузаронӣ дар роҳ низ хеле мувофиқ аст.