Кариес

Кариес метавонад боиси дард ё сироят гардад. Он инчунин метавонад ба афзоиш ва рушд таъсир расонад. Аломатҳои кариеси дандонҳо доғҳои сафед ё қаҳваранг, милки сурх ё варамида, сӯрохиҳои дандонҳо ё шикастани дандонҳо мебошанд. Агар Шумо фикр кунед, ки фарзанди Шумо кариес дорад, ба духтури дандон муроҷиат кунед. Кариесро тавассути нигоҳубини дурусти дандонҳо, хӯрдани хӯрок ва нӯшокиҳои солим ва муоинаи мунтазами духтури дандон пешгирӣ кардан мумкин аст.
Body

Кариес чист?

Кариес -  бемориест, ки вобаста аз таъсири шакар ба осеби дандонҳо оварда мерасонад.

Кариеси дандон вақте рух медиҳад, ки микробҳо дар рӯи дандон як қабати часпанда ба вуҷуд меоранд, ки он ҳалолати дандон ном дорад. Ин микробҳо аз шакари дар хӯрок ва нӯшокиҳо мавҷудбуда ғизо мегиранд ва кислотае тавлид мекунанд, ки сатҳи дандонҳоро вайрон мекунад. Бо гузашти вақт, ин кислота сатҳи дандонро вайрон карда, сӯрохиҳо ё "ковокиҳо" ба вуҷуд меорад.

Кариес метавонад боиси дард ва сироят гардад. Он ҳатто метавонад ба афзоиши кӯдакон таъсир расонад. Кариеси шадиди дандонҳои кӯдак метавонад барои ғизо, нутқ ва рушди ҷоғи кӯдаки Шумо оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Чӣ қадаре ки Шумо кариесро дертар табобат кунед, ҳамон қадар:

  • бештар фарзанди Шумо дард ва нороҳатиро эҳсос хоҳад кард;
  • зиёдтар кӯдаки Шумо дар зери хатари кариес шудани дигар дандонҳои ширӣ ва доимӣ қарор мегирад;
  • табобат душвортар ва гаронтар мешавад;
  • ташриф ба духтури дандон боиси ташвиши калон мегардад;
  • вай зуд-зуд аз дарс хохад монд.

Кариесро кариеси дандонҳо низ меноманд.

Аломатҳои кариес

Аввалин аломати кариес хати хираи сафед қад-қади милкҳо мебошад.

Баъдтар, Шумо метавонед сӯрохиҳои сиёҳшудаи дандонҳо ё дандонҳои шикастаро мушоҳида кунед. Агар кариес ба сироят оварда расонад, Шумо метавонед варами атрофи милкҳо ва рӯйро мушоҳида кунед.

Пешгирии кариес: се марҳилаи асосӣ

Се қадами асосӣ вуҷуд дорад, ки кӯдаки Шумо метавонад барои пешгирии кариеси дандонҳо анҷом диҳад:

  • Ӯ бояд дандонҳои худро дар як рӯз ду маротиба бо истифода аз хамираи дандони фтор дошта тоза кунад. Тоза кардан ва нигоҳубини дандонҳои кӯдаки Шумо аз хурдӣ ба ташаккули одатҳои хуби нигоҳубини дандон дар тамоми ҳаёт мусоидат мекунад.
  • Парҳези солими камшакар ва одатҳои ғизои солимро инкишоф диҳед.
  • Муоинаи мунтазами духтури дандонро гузаронидан лозим аст. Ин муоинаи мунтазам метавонад фарзанди Шуморо аз кариеси дандон пешгирӣ кунад.

Хӯрок ва нӯшокиҳои солим барои пешгирии кариеси дандонҳо

Тоза кардани дандонҳо кафолати пешгирии кариесро дода наметавонанд. Хӯрок ва нӯшокие, ки Шумо ба фарзандатон медиҳед, инчунин ба саломатии дандонҳо ва пайдо шудани кариес таъсир мерасонанд.

Кӯдакони аз 4-6 моҳа хурдтар

Кӯдакони навзод ва тифлон танҳо ба шири сина ё шири сунъӣ ниёз доранд.

Кӯдакони аз 6 моҳа боло

Вақте ки кӯдаки Шумо аз шаш моҳа калонтар мешавад, ба ӯ ба миқдори кам об додан низ мумкин аст. Ба кӯдак додани шири ширин, афшураҳои мевагӣ ё афшураҳои ширини бо об омехташуда худдорӣ намоед.

Кӯдакони хурдсол, кӯдакон ва наврасон

Кӯдакон ба ғизоҳои солими гуногун ниёз доранд. Беҳтар аст, ки хӯрок ва нӯшокиҳоеро, ки дар таркибашон шакари кам доранд, истеъмол кунед. Кӯшиш кунед, ки ба фарзандонатон то ҳадди имкон кам кулчақанд диҳед. Агар фарзанди Шумо ягон чизи ширин хӯрад, пас ӯ бояд як пиёла об нӯшад ё ғизои ба дандон бехатарро хӯрад, то миқдори кислотаро дар рӯи дандонҳои кӯдак кам кунад.

Хӯрокҳои барои дандон бехатар миқдори ками шакар доранд, ба хоидан мусоидат мекунанд ва боиси зиёд шудани оби даҳони кӯдак мегарданд. Баъзе мисолҳои хуби ғизоҳои барои дандон бехатар иборатанд аз панир ва сабзавоти буридашуда ба монанди сабзӣ.

Одатҳои ғизои солим барои пешгирии пайдоиши кариес

Одатҳои ғизои солим низ метавонанд аз кариеси дандон пешгирӣ кунанд. Ин маънои онро дорад, ки ба кай ва чӣ гуна хӯрок хӯрдани кӯдаки худ таваҷҷӯҳ зоҳир кунед.

Масалан, чӣ қадаре, ки ғизо ва нӯшокӣ дар даҳони кӯдаки Шумо муддати дароз боқӣ монад, ҳамон қадар эҳтимолияти зиёд шудани кислота ва вайрон шудани сирри дандон вуҷуд дорад. Ҳамин тариқ, агар Шумо хӯрокро дар даҳони худ муддати тӯлонӣ нигоҳ доред ва обро оҳиста-оҳиста дурудароз нӯшед, пас ин бо эҳтимоли зиёд ба кариес оварда мерасонад.

Шумо метавонед кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро аз он, ки ӯ дар муддати тӯлонӣ оҳиста-оҳиста мехӯрад ва менӯшад ба таври зерин тарки одат кунонед:

  • кӯдак бояд мунтазам каме газак хӯрад ва хӯрокро дар вақташ хӯрад, ба ҷои он ки дар давоми рӯз доимо ба «хоидан» иҷозат дода шавад - кӯшиш кунед, ки байни истеъмоли хӯрок ва газакҳо, аз ҷумла нӯшокиҳои ширин 1,5 - 2 соат вақт гузарад;
  • назорат кунед, ки фарзанди Шумо танҳо дар як ҷо хӯрад ва нӯшад, масалан, дар сари миз;
  • ҳангоми ба охир расидани вақти газак ё хӯрокхӯрӣ хӯрокро аз миз гиред;
  • ба фарзандатон гӯед, ки агар ташна бошад, оби оддӣ нӯшад, на шарбат ё ягон нӯшокӣ;
  • ба фарзандатон хӯрокҳои ширинро дар вақти хӯрок диҳед, на ҳамчун газак.

Роҳҳои дигари пешгирии пайдошавии кариес

Намунаи ибрат бошед

Шумо метавонед бо тоза кардани дандонҳои худ дар як рӯз ду маротиба, маҳдуд кардани истеъмоли ширинӣ ва муносибати мусбӣ ба муоинаи дандонпизишк ба фарзандатон аз ҷиҳати нигоҳубини дандонҳо намуна бошед.

Додани шир аз шишача ва синамаконӣ

Тавсия дода намешавад, ки кӯдакро дар гаҳвора/катча бо шишачаи шири сина ё шири сунъӣ гузоред. Бо шишача хобонидани кӯдак метавонад боиси пайдоиши кариес гардад. Ин ба он вобаста аст, ки ҳангоми хоб дар даҳони ӯ оби даҳон камтар ҳосил мешавад, ки бояд дандонҳояшро ҳифз кунад.

Ингаляторҳо ё аэрозолҳо барои табобати нафастангӣ (астма)

Онҳо дар баъзе усулҳои табобати нафастангӣ муҳиманд, аммо дар хокаи баъзе аэрозолҳо кислота аст ва метавонад сирри дандонҳоро вайрон кунад. Бо мурури замон, агар гигиенаи даҳон дуруст риоя карда нашавад, ин метавонад боиси пайдоиши кариес гардад.

Барои пешгирии кариеси дандон, пас аз ҳар як истифодаи аэрозол даҳони кӯдакро зуд бо об шӯед.