Қарсакбозӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз намудани бозӣ ҷойи мувофиқро тайёр кунед. Кӯдакро дар курсии кӯдакона, гилемча ё дар рӯйи фарш дар кӯрпаи мулоим шинонед.
Нишон диҳед, ки чӣ гуна Шумо қарсақ мезанед ва суруди оддиро хонед:
Агар шод хасти қарс бизан
Агар шод хасти қарс бизан
Агар шод хасти ва ғаме надори
Агар шод хасти қарс бизан!
Бигзор кӯдакатон аз паси Шумо такрор кунад (ва қофияро низ!). Шумо метавонед қарсақро бо кӯфтани поятон дар фарш мувофиқи зарб иваз намоед..
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо воситаи ин бозӣ кӯдак имову ишораҳои барои муоширати зарурӣ меомӯзад ва мушакҳои дастнашро мустаҳкам мекунад. Ин бозӣ инчунин ба рушди ҳамоҳангии моториву босиравӣ мусоидат мекунад.