Қатъ намудани синамакконии кӯдакони сину соли калонтар
Оид ба қатъ намудани синамакконӣ
Аз шири сина ҷудо кардан – ин қатъ намудани синамакконии кӯдак мебошад.
Баъзе кӯдакон нисбат ба дигарон бештар ба шири сина дилбастагӣ доранд. Ҳамаи онхо дар вакти муайян аз сина чудо мешаванд. Аммо агар Шумо мунтазир шудан нахоҳед, пас аз омода шуданатон худатон метавонед кӯдаки худро аз шир ҷудо кунед. Ин метавонад ҳангоми ба кор баромадан лозим шавад.
Аз шир ҷудо кардан: банақшагирии пешакӣ
Эҳтимол, ҷудо кардан аз шири сина барои кӯдак як тағйироти бузург бошад. Барои бисёре аз кӯдакони синнашон калонтар, синамаконӣ -ин қонеъ намудани талаботи кӯдакон дар бехатарӣ ва оромӣ мебошад, аз ин рӯ, аз шир ҷудо кардан метавонад боиси изтироби кӯдак гардад.
Аз шири сина ҷудо кардан набояд дар давраи оғоз шавад, ки дигар тағйиротҳо дар ҳаёти кӯдак ба амал меоянд, ба монанди омӯзонидан ба тубакшинӣ, омодасозии рафтан ба боғча ё кӯчидан ба ҷойи дигар.
Чанд ҳафта ё моҳ пеш аз он ки Шумо кӯдаки худро аз шир ҷудо мекунед, Шумо бояд бо ӯ дар ин масъала сӯҳбат кунед. Ин ба кӯдаки Шумо вақт медиҳад, то ба ин фикр одат кунад ва ба ӯ кӯмак мекунад,ин ки осонтар аз уҳдаи тағйирот барояд.
Маслиҳатҳо оиди аз шири сина ҷудо кардан
Ҳангоме, ки шумо кӯдакони сину соли калонтарро аз шир ҷудо мекунед, шумо метавонед ин принсипро риоя кунед: ҳеҷ гоҳ ба кӯдак шири сина пешниҳод накунед, вале ҳеҷ гоҳ ба ӯ рад накунед.
Инҳоянд чанд маслиҳати дигаре, ки метавонанд дар ин масъала кӯмак намоянд. Шумо метавонед маслиҳатеро истифода баред, ки ба фикри Шумо барои фарзандатон аз ҳама бештар муносиб хоҳад буд, ё якчанд усулро истифода баред, агар онҳо барои ҳардуи Шумо мувофиқ бошанд:
- Як синакониро кам кунед ва пеш аз кам кардани синамаконии дигар чанд рӯз интизор шавед. Ин усул барои синаҳо камтар дардовар хоҳад буд, зеро дар сурати якбора қатъ кардани синамаконӣ эҳтимол дар сина шири ҷамъшуда сахт мешавад.
- Кӯшиш намоед, ки аввал синамаконии рӯзонаро аз байн баред ва сипас тадриҷан синамаконии пеш аз хоб ё шабонаро қатъ кунед — эҳтимол ин синамкание бошад, ки кӯдаки Шумо бештар ба он ниёз дорад.
- Маҳдудиятҳои муайянро муқаррар намоед, ба монанди худдорӣ аз синамаконӣ дар кӯча ё синамаконӣ танҳо пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар давоми рӯз.
- Рӯзи худро бо машғулиятҳо ва сайругаштҳои зиёд гузаронед, то кӯдаки Шумо ба корҳои дигар машғул бошад ва дар бораи синамаконӣ фикр накунад.
- Гоҳ- гоҳ синамакониро бо ҳаёти алтернативаи «калонсолон» иваз кунед. Кӯдак метавонад аз рафтан ба қаҳвахона барои як пиёла қаҳваи бо шири ғайриоддӣ ва солим барои кӯдакон ба ҷои синамаконии муқаррарӣ дар хона ҳаяҷон кунад.
- Принсипи «аз чашм дур, аз фикр берун»-ро бисанҷед. Барои ин ба Шумо лозим аст, ки кӯдакро дар муҳлати синамаконӣ ба назди касе гузоред, ки барои кӯдак бароҳат аст, зеро агар Шумо дар наздаш бошед эҳтимол, ки аз уҳдаи кам кардани синамаконӣ набароед.
- Дар назди кӯдаки худ аз пӯшидан ё бадар кардани либос худдорӣ намоед ва либосе бипӯшед, ки ба ӯ имкон намедиҳад, ки ба синаи Шумо ба осонӣ наздик шавад — масалан, курта, на либосҳои ҷудогона.
- Агар кӯдаки Шумо шабона барои ғизо аз хоб бедор шавад, аз ҳамсар ё дигар аъзоёни калонсоли оила хоҳиш намоед, ки ба ӯ шир ё об дода, хобонад.
Дар хотир доред, ки ба кӯдакони аз 12-моҳа боло аз пиёла шири гов нӯшиданро ёд додан мумкин аст. Кӯдакони ин синну солро бо иваз кардани шири сунъи аз сина ҷудо кардан шарт нест.
Ҷудо кардан аз синамаконии пагоҳирузӣ ва бегоҳирузӣ
Ҳамин тавр, Шумо танҳо пеш аз хоб ва субҳ пас аз бедор шудани кӯдакро мемаконед.
Барои ҷудо кардан аз синамаконии пагоҳирузӣ, кӯшиш кунед, ки пеш аз бедор шудани кӯдак, хеста либос пӯшед, сипас ба ӯ як пиёла шир ва субҳона пешниҳод намоед.
Барои рад кардани синамаконии пеш аз хоб, Шумо метавонед реҷаи навро барои иваз кардани реҷаи кӯҳна ҷорӣ кунед. Кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро ба назди бобою бибиаш фиристед ё аз шавҳари худ хоҳиш намоед, ки ба ҷои синамаконӣ ҳикояҳои пеш аз хоб ба ӯ бихонад.
Агар кӯдаки Шумо пеш аз хоб ба синамаконӣ одат карда бошад, реҷаи худро тағйир диҳед ва пас аз таъом додан ҳикоя нақл кунед, ки ин ба кӯдак барои бедор мондан ангеза мебахшад.
Барои вайрон кардани робитаи равонӣ байни ғизо ва хоб, Шумо метавонед ҳуҷраеро, ки Шумо дар он ба кӯдак ғизо медиҳед, иваз кунед ва инчунин пеш аз хоб ба кӯдак ғизо надиҳед. Вақте, ки ин ассотсиатсия аз байн меравад, Шумо метавонед оҳиста синамакониро қатъ намоед.
Ҳангоми ҷудо кардан аз синамаконии бегоҳирузӣ, дар хотир доред, ки хоб рафтан бояд ҳанӯз як раванди ором ва гуворо бошад, ки бо "оғӯш"-и зиёд ҳамроҳӣ кунад.
Агар Шумо аз қатъ кардани синамаконӣ каме ғамгин шавед, ин ҳолати муқараррӣ аст. Худро ором намоед, Шумо кори хубе кардаед, то ки ба фарзандатон оғози солими ояндаро ҳадя намудед.